Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар размоишҳои зиддитерорристии Тоҷикистону Чин, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз мегарданд, ҳудуди 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ иштирок мекунанд;

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи вазирони маорифи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад;

– Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт конфронси байнулмилалии дурӯзаи «Мусоидат ба рушди сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ва беҳбуди самаранокии энергетикӣ» ба кор шурӯъ мекунад;

– Дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими анҷоми Синамобазми байналмилалии VII «Дидор» баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8757 сомонӣ;

1 евро – 8.6444 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1223 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 — Дар Сталинобод бинои дуошёнаи вокзали роҳи оҳан мавриди истифода қарор гирифт.

2008 — Дар Душанбе дафтари нави кории Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) боз шуд.

2009 — Дар Тоҷикистон 110-солагии арбоби маъруфи давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҷашн гирифта шуд.

2010 — Суди Олии Русия фаъолияти Созмони умумирусиягии ҷамъиятии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия»-ро манъ кард.

2011 — Миёни парлумонҳои Тоҷикистону Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

858-941 – Зодрӯзи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

1924 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Саъдинисо Ҳакимова.

1933 – Зодрӯзи Омӯзгори шоистаи ИҶШС Идӣ Халифаев.

1938 – Мавлуди шоир, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Бозор Собир.

1950 — Зодрӯзи журналист Қурбон Мадалиев.

1953 – Мавлуди файласуф Рустам Назаров.

1959 – Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8 рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +12+17; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +20+22.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...