Дояи кӯдакро дар Маскав қатлкарда ба гуноҳаш иқрор шуд

Asia-Plus

Дояи гумонбар ба қатли кӯдак дар Маскав Гулчеҳра Бобоқулова дар қисмати пӯшидаи мурофиаи судӣ ба содир кардани ин ҷиноят иқрор шуд. РБК менависад, дар ин бора ба журналистон пас аз анҷоми мурофиа тарҷумони ӯ Фарида Ҳанифова хабар додааст.

Дар шаҳри Маскав рӯзи 24 октябр баррасии парвандаи ҷиноии як доя, ки моҳи феврали соли равон тарбиятгирандаи 4-солаи худро кушта, сипас сари ӯро аз тан ҷудо кардаву манзили оилаи ин кӯдакро оташ зада буд, оғоз гардид.

Бино ба маълумоти ТАСС, ҳаҷми зиёни аз ҷониби Гулчеҳра Бобоқулова расонидашуда ба ҷабрдидагон (волидони кӯдак ва соҳиби манзили иҷораи ин оила) 6,5 млн. рубл арзёбӣ шудааст.

Мурофиаи судӣ ба таври кушода ҷараён дошта, танҳо ҷабрдидагон дар ҷаласаи пӯшида бозпурсӣ мешаванд. Муҳлати ҳабси айбдоршавандаро санаи 13 октябр суд то 4 апрел дароз кардааст.

Охири моҳи сентябр Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав таҳқиқи парванда нисбати сокини 39-солаи Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқуловаро ба анҷом расонида буд.

Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки табибон Бобоқуловаро аз нигоҳи равонӣ бемор шуморида, аз ин рӯ ӯро табобати маҷбурӣ интизор аст. Ҳамроҳ бо маводи парванда муфаттишон ҳамчунин ба прокуратура қарор доир ба мавридди муолиҷаи маҷбурӣ қарор гирифтани ин дояро низ фиристодаанд.

Қобили зикр аст, ки давоми соли равон мақомоти суди шаҳри Маскав чандин маротиба муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқуловаро дароз кард. Ӯ ба қатли духтарчаи 4-сола дар Маскав моҳи феврали соли равон айбдор карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои "Аллоҳ Акбар!" дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.

Аввали моҳи апрел дар шабакаи интернет навори видео мунташир шуд , ки дар он гӯё гуфтугӯи дояи гумонбар ба қатли кӯдак дарҷ ёфтааст. Дар сабт зан Гулчеҳра Бобоқулова муаррифӣ шуда, рафтори худро ҳамчун қасосгирӣ барои бомбаборонкунии Сурия шарҳ медиҳад.

Ҳамчунин ВАО  иттилоъ дода буданд , ки шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.