Қатъи ҳаракати нақлиёт дар чанде аз кӯчаҳои пойтахт қариб ба муддати 1 сол

Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои А.Деҳлавӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи академик А.Адҳамот) ва гузаргоҳи якуми кӯчаи М.Турсунзода (аз майдони 800-солагии Москва то кӯчаи Пӯлодӣ) ва кӯчаи Пӯлодӣ (аз кӯчаи М.Турсунзода то кӯчаи Бухоро) то 30 сентябри соли 2017 қатъ карда мешавад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳри Душанбе […]

Asia-Plus

Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои А.Деҳлавӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи академик А.Адҳамот) ва гузаргоҳи якуми кӯчаи М.Турсунзода (аз майдони 800-солагии Москва то кӯчаи Пӯлодӣ) ва кӯчаи Пӯлодӣ (аз кӯчаи М.Турсунзода то кӯчаи Бухоро) то 30 сентябри соли 2017 қатъ карда мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳри Душанбе ин кӯчаҳо таъмиру азнавсозӣ мешаванд.

Дар қарори мазкур ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ дастур дода шудааст, ки ҳангоми баргузории корҳои таъмиру азнавсозӣ, ҳаракати нақлиёт ба ин самтҳоро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат роҳандозӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябр бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба оғози корҳои сохтмон дар чорсӯи сеқабата дар буриши роҳҳо дар маҳаллаи 82-уми шаҳри Душанбе, ҳаракати нақлиёт тариқи ин чорраҳа ба муддати 2 сол қатъ шуд. Ҳаракати нақлиёт тавассути ин чорроҳа 30 июли соли 2018 дубора барқарор мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...