Ҳукми 20 соли зиндон ба қотили сержанти пойгоҳи низомии 201-уми Русия

Суди вилояти Хатлон сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Аҳлиддин Машрабовро дар марги хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Алексей Буенков гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Аҳлиддин Машрабови 24-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 104 (Одамкушӣ) ва 237 (Авбошӣ) айбдор дониста шуд. Аз суди мазкур […]

Сайраҳмон Назриев

Суди вилояти Хатлон сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Аҳлиддин Машрабовро дар марги хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Алексей Буенков гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Аҳлиддин Машрабови 24-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 104 (Одамкушӣ) ва 237 (Авбошӣ) айбдор дониста шуд.

Аз суди мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ гуноҳи Машарабов пурра исботи худро ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 30 ба 31 июл зимни ҷанҷолу занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ сержанти калони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар ин шаҳр кушта шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.