Дар ҳамла ба маркази таълимии пулис дар Покистон ҳудуди 60 нафар ҷон бохтанд

Дар шаҳри Кветтаи Покистон бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба маркази таълимии полис ҳудуди 60 нафар ҳалок гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «GEO TV» хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, сардори полиси музофоти Балуҷистон Сарфароз Бугти пас аз нобуд гардидани 3 ҷинояткор дар бораи анҷом ёфтани амалиёт эълон кард. Тибқи […]

АМИТ «Ховар»

Дар шаҳри Кветтаи Покистон бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба маркази таълимии полис ҳудуди 60 нафар ҳалок гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «GEO TV» хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, сардори полиси музофоти Балуҷистон Сарфароз Бугти пас аз нобуд гардидани 3 ҷинояткор дар бораи анҷом ёфтани амалиёт эълон кард. Тибқи гуфтаи ӯ, ҷангиён бо худ камарбанди маргталаб доштаанд.

Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки ҳамлаи шоми рӯзи душанберо гурӯҳи шашнафараи ҷангиён роҳандозӣ кардааст. Бино ба гуфтаи низомиён, эҳтимол ҳамларо гурӯҳи бо «Толибон» алоқаманд- «Лашкари Ҷангви» амалӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ дар ин робита, мақомҳои амниятӣ дар Покистон гуфтаанд, ки дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як маркази омӯзишии пулис дар шаҳри Кветта – маркази вилояти Балуҷистон – ҳадди ақалл 60 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуда, ин ҳамла шаби 24 ба 25 октябр рух додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио