Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба «шабакаҳои боақл»-и таъмини энергия

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба таҷрибаи ҷорӣ кардани «шабакаҳои боақл» дар Бошқирдистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ бар ин назар аст, ки чунин технологияҳо ба коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон кумак карда метавонанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати «Башкирэнерго», ҳафтаи гузашта дар чаҳорчӯби Форуми энергетикии Русия Усмоналӣ Усмонзода ба шаҳри […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба таҷрибаи ҷорӣ кардани «шабакаҳои боақл» дар Бошқирдистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ бар ин назар аст, ки чунин технологияҳо ба коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон кумак карда метавонанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати «Башкирэнерго», ҳафтаи гузашта дар чаҳорчӯби Форуми энергетикии Русия Усмоналӣ Усмонзода ба шаҳри Уфа сафар карда, раҳбарияти корхона ба вазири тоҷик доир ба таҷдиди комплекси шабакаи барқии шаҳр бо истифода аз таркибҳои Smart Grid муфассал маълумот додаанд.

Вазири тоҷик изҳор доштааст, ки таҷрибаи ширкати шабакаҳои барқии Бошқирдистон шоистаи омӯзишу мавриди истифода дар Тоҷикистон буда, ба ҳаллу фасли масъалаи коҳиши талафоти барқ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки талафоти барқ яке аз мушкилоти асосӣ дар бахши энергетикаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти расмӣ, талафоти солонаи нерӯи барқ дар шабакаҳои кишвар зимни интиқолу тақсими он 15-17% – то 3 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Ғайрирасмӣ коршиносон бар ин назаранд, ки ин нишондиҳанда бамаротиб болотар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.