Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 76% иҷро шуд

Баъди 23 рӯз аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 76%-и нақшаи даъват ба иҷро расидааст. Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки маъракаи даъват бидуни ҳеҷ мушкилие ҷараён дошта, то имрӯз ба унвони вазорат аз даъватшавандагон ва волидони онҳо ягон шикояте дар ин хусус нарасидааст. То ба имрӯз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Баъди 23 рӯз аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 76%-и нақшаи даъват ба иҷро расидааст.

Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки маъракаи даъват бидуни ҳеҷ мушкилие ҷараён дошта, то имрӯз ба унвони вазорат аз даъватшавандагон ва волидони онҳо ягон шикояте дар ин хусус нарасидааст.

То ба имрӯз дар маҷмӯъ нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ – 98%, вилояти Суғд – 83%, Хатлон – 79%, ноҳияҳои тобеи марказ – 63% ва шаҳри Душанбе – 62%-ро ташкил медиҳад.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони марди синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.