Боз 7 ширкати нав дар бозори сайёҳии Тоҷикистон

Asia-Plus

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади мусоидат барои роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар ба 7 ширкати нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, инҳо ширкатҳоиҶДММ «Элит Тур», ҶДММ «АЛП Сомон Тур», ҶДММ «Ҷаҳонгард», ҶДММ «Ҷавонони роҳи Абрешим»,ҶДММ «Фалкон»,ҶДММ «Интурист»ва ҶДММ «Сайёҳон» мебошанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар ҷумҳурӣ 118 ширкати сайёҳӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи  соли 2015, 14 адад зиёд мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 118 ширкати амалкунанда 53 ададаш бо сайёҳии содиротӣ машғул буда, шумораи боқимонда танҳо ба ҷалб кардани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар фаъолият карда истодаанд.

-Ширкатҳои туристӣ ҳидоятҳои саривақтӣ ва бомавриди Роҳбарияти Олии сиёсии кишварро чун ҳамешагӣ дастгирӣ намуда, бо дарки масъулияти баланди хеш бобати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб дар риштаи сайёҳии воридотӣ ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар, тамоми кўшишҳои хешро ба харҷ дода истодаанд, – гуфтааст Назарзода Ризо, муовини раиси Кумита.

Қобили зикр аст, ки дар раддабандии кишварҳои амнтарин миёни 141 кишвар Тоҷикистон мақоми 76-ро муаррифӣ мекунад. Ин рейтинг аз сӯи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) таҳия шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.