Боз 7 ширкати нав дар бозори сайёҳии Тоҷикистон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади мусоидат барои роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар ба 7 ширкати нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, инҳо ширкатҳоиҶДММ «Элит Тур», ҶДММ «АЛП Сомон Тур», ҶДММ «Ҷаҳонгард», ҶДММ «Ҷавонони роҳи Абрешим»,ҶДММ «Фалкон»,ҶДММ «Интурист»ва ҶДММ «Сайёҳон» мебошанд. Гуфта мешавад, айни замон […]

Asia-Plus

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади мусоидат барои роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар ба 7 ширкати нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, инҳо ширкатҳоиҶДММ «Элит Тур», ҶДММ «АЛП Сомон Тур», ҶДММ «Ҷаҳонгард», ҶДММ «Ҷавонони роҳи Абрешим»,ҶДММ «Фалкон»,ҶДММ «Интурист»ва ҶДММ «Сайёҳон» мебошанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар ҷумҳурӣ 118 ширкати сайёҳӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи  соли 2015, 14 адад зиёд мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 118 ширкати амалкунанда 53 ададаш бо сайёҳии содиротӣ машғул буда, шумораи боқимонда танҳо ба ҷалб кардани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар фаъолият карда истодаанд.

-Ширкатҳои туристӣ ҳидоятҳои саривақтӣ ва бомавриди Роҳбарияти Олии сиёсии кишварро чун ҳамешагӣ дастгирӣ намуда, бо дарки масъулияти баланди хеш бобати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб дар риштаи сайёҳии воридотӣ ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар, тамоми кўшишҳои хешро ба харҷ дода истодаанд, – гуфтааст Назарзода Ризо, муовини раиси Кумита.

Қобили зикр аст, ки дар раддабандии кишварҳои амнтарин миёни 141 кишвар Тоҷикистон мақоми 76-ро муаррифӣ мекунад. Ин рейтинг аз сӯи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) таҳия шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.