Бозори Шоҳмансур баста аст, лекин…

Бозори «Шоҳмансур» (Зелёний)-и пойтахт чанд рӯз боз баста аст, лекин махсулоти заруриро аз қаламрави ҳамшафати бозор, ки онро аҳолии маҳаллӣ «бозори яклухтфурӯшӣ» меноманд ва ҳамчунин аз гузаргоҳи қафои бозор миёни кӯчаҳои Деҳлавӣ (муқобили шуъбаи БДА-и шаҳр) ва Нисор Муҳаммад (муқобили бинои Вазорати маориф) метавон харидорӣ намуд. Сокинони ноҳияи Шоҳмансур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки қисмати […]

Наим Халимов

Бозори «Шоҳмансур» (Зелёний)-и пойтахт чанд рӯз боз баста аст, лекин махсулоти заруриро аз қаламрави ҳамшафати бозор, ки онро аҳолии маҳаллӣ «бозори яклухтфурӯшӣ» меноманд ва ҳамчунин аз гузаргоҳи қафои бозор миёни кӯчаҳои Деҳлавӣ (муқобили шуъбаи БДА-и шаҳр) ва Нисор Муҳаммад (муқобили бинои Вазорати маориф) метавон харидорӣ намуд.

Сокинони ноҳияи Шоҳмансур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки қисмати асосии бозор, ки дар он мағозаҳои начандон бузург ва фурӯшгоҳҳои болояшон пӯшида ҷойгиранд, то ҳол баста аст.

«Савдогарон мегӯянд, сабаби асосии баста шудани бозор бинобар «эродҳои» хадамоти оташнишонӣ, «маҷбурӣ кӯчонидани» соҳибкорон ба маҷмааи савдои «Пойтахт-90» аст. Бо бастани бозорҳо дар тиҷорат рақобати носолим ба вуҷуд оварда мешавад», – мегӯяд сокини пойтахт Сайфулло.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли сокинони мавзеи фурудгоҳ, давоми ду рӯзи баста шудани бозори «Шоҳмансур» савдогарони бозори «Авиатор» нархҳо ба навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти ғизойиро боло бурдаанд.

Сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Душанбе Илҳом Назаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки санаи 25 октябр дар бораи қатъи фаъолияти бозор ба як муҳлати муайян, яъне «то бартараф кардани камбудиҳо дар риояи қоидаҳои зидди сӯхтор» қарор содир шудааст.

Ӯ қайд кард, ки ин амал тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба санҷиши иншооти пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон анҷом дода шуд.

«Муҳлати мушаххас муқаррар нашудааст. Вақте маъмурияти бозор ҳамаи камбудиҳоро пурра бартараф кунад, хадамоти оташнишонӣ низ қарори дахлдор содир мекунад», – илова кард номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.