Кабӯтарҳо аз Тоҷикистонро ба Маскав роҳ надоданд

Дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав намояндагони Росселхознадзор ба вуруди 3 сар мурғ ва 13 кабӯтар ба қаламрави кишварашон иҷоза надода, онҳо ба кишвари фиристанда бозпас гардонида шуданд. Бино ба маълумоти Агентство городских новостей «Москва» бо истинод ба хадамоти матбуоти фурудгоҳ, мурғҳову кабӯтарон аз назорати байторӣ дар фурудгоҳ нагузаштаанд. «Дар терминал барои мусофирони фурудгоҳ интиқоли маҳсулоти […]

Asia-Plus

Дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав намояндагони Росселхознадзор ба вуруди 3 сар мурғ ва 13 кабӯтар ба қаламрави кишварашон иҷоза надода, онҳо ба кишвари фиристанда бозпас гардонида шуданд.

Бино ба маълумоти Агентство городских новостей «Москва» бо истинод ба хадамоти матбуоти фурудгоҳ, мурғҳову кабӯтарон аз назорати байторӣ дар фурудгоҳ нагузаштаанд.

«Дар терминал барои мусофирони фурудгоҳ интиқоли маҳсулоти таҳти назорат қароргирифта, ки бо риоя нашудани талаботи байторӣ ва санитарии Иттиҳоди гумрукӣ ва қонунгузории амалкунандаи байтории Русия ворид гардидааст, боздошта шуд. Зимни анзаназаргузаронии бори дастӣ ва бағоч аз Тоҷикистон аз кӯшиши ворид кардани 13 кабӯтар ва 3 сар мурғ пешгирӣ шуда, бор ба кишвари интиқолдиҳанда баргардонида шуд», – қайд мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин илова мешавад, ки вуруди мурғу кабӯтарҳо бидуни асноди дахлдори байторӣ ва иҷозаи Росселхознадзор сурат гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.