Кабӯтарҳо аз Тоҷикистонро ба Маскав роҳ надоданд

Asia-Plus

Дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав намояндагони Росселхознадзор ба вуруди 3 сар мурғ ва 13 кабӯтар ба қаламрави кишварашон иҷоза надода, онҳо ба кишвари фиристанда бозпас гардонида шуданд.

Бино ба маълумоти Агентство городских новостей «Москва» бо истинод ба хадамоти матбуоти фурудгоҳ, мурғҳову кабӯтарон аз назорати байторӣ дар фурудгоҳ нагузаштаанд.

«Дар терминал барои мусофирони фурудгоҳ интиқоли маҳсулоти таҳти назорат қароргирифта, ки бо риоя нашудани талаботи байторӣ ва санитарии Иттиҳоди гумрукӣ ва қонунгузории амалкунандаи байтории Русия ворид гардидааст, боздошта шуд. Зимни анзаназаргузаронии бори дастӣ ва бағоч аз Тоҷикистон аз кӯшиши ворид кардани 13 кабӯтар ва 3 сар мурғ пешгирӣ шуда, бор ба кишвари интиқолдиҳанда баргардонида шуд», – қайд мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин илова мешавад, ки вуруди мурғу кабӯтарҳо бидуни асноди дахлдори байторӣ ва иҷозаи Росселхознадзор сурат гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард

Созишнома имкон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик ташхиси тиббиро дар ватан гузаранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳмон Бахтӣ ва Шералӣ Мӯсо то Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломдорӣ.

Хона ба хонаи арӯсон. “Хонагаштак” чӣ гуна ҷашн аст ва ба Наврӯз чӣ қаробат дорад?

Дар бархе манотиқи Суғд дар остонаи таҷлили Наврӯз ва...