Дар бархе манотиқи Суғд дар остонаи таҷлили Наврӯз ва ё оғози баҳор анъанае бо номи “Хонагаштак” таҷлил мешавад. Ба фарқ аз “Идгардак”-и минтақаҳои ҷануби кишвар, ки дар Иди Қурбон ва Иди Фитр ҳам мардон ва ҳам занҳо иштирок мекунанд, “Хонагаштак” инҷо чун рамзи ҷашни бонувон ҳазм шудааст, зеро дар он танҳо занҳову духтарҳо сайр мекунанд.
Яке аз ноҳияҳое, ки ин анъана то чанд соли охир ба таври густурда барпо мешуд, ноҳияи Деваштич буд. Аммо баргузории ин анъана солҳои охир ба далели сангин шудани танзими ҷашну маросим, дар қатори даҳҳо анъанаҳои дигар, чун қаблӣ густарда барпо нашуда, танҳо дар муҳити хонаводаҳо доир мешавад. Дар ин мавод аз чигунагии ин расм, шеваи таҷлили он ва паёмҳояш қисса мекунем.
Омодагӣ ба ҷашн
Дар ноҳияи Деваштич анъанаи “Хонагаштак” ҳар сол санаи 7-уми март барпо мешуд. Ба гуфтаи пирони рӯзгордида, ин анъана дар ноҳия, махсусан, деҳаи Ғазантарак ба тарзи вижа таҷлил мешуд. Дар ин ҷашн духтарон ва занон ба хонаи наварӯсоне, ки баъди наврӯзи соли гузашта арӯсӣ доштанд, меҳмон мешуданд ва туҳфаҳои гуногун мегирифтанд.
Бибии Азизбӣ, ки қариб 100 сол умр дорад, мегӯяд, “аз замоне, ки худро мешиносад, дар деҳа “Хонагаштак” баргузор мешуд. Ин анъана аз қадимулайём мондаасту аз насл ба насл мегузарад ва яке аз анъанаҳои хуб барои наварӯсакон дар остонаи таҷлили иди бонувон ва Наврӯз аст”.

Ҳанӯз чанд рӯз қабл наварӯсоне, ки бори аввал дар зиндагии оиладориашон “хонагаштак”-ро ҷашн мегиранд, барои ин маросим омодагиро оғоз мекунанд.
Қисмати аввали омодагиро тозаву покиза кардани хона ва ороиши он дар бар мегирад. Наварӯсон либосҳои арӯсонаи худ, тоқӣ, рӯймол ва рӯймолчаҳои дастибофтро гирдогирди хона ба тарзи махсус меовезанд.
Муҳаббат Маҳмудоваи 76-сола, ки чанд сол вазифаи раиси маҳалларо ба зимма дошт, мегӯяд “замонҳои пеш ҳисоб мекарданд, ки арӯсак бо дасти худаш чанд руймолча дӯхтааст. Агар намедӯхт, механдиданд.”
Дар ошпазхона бошад, зане хамир мешӯрад, дигаре фатир рост мекунад, яке ба оташдон ҳезум мегузорад, нафаре ширинӣ омода месозад. Дигарӣ дар гӯшае самбӯсаи варақӣ мепазаду яке чакчаку тушбера.
Ҳамин тавр, дастархони идонаро бо фатирҳои болаззат, тушберақоқу саллаву чакчаку паҳлававу дигар шириниҳои дастипаз, меваҳои тару хушк, ғӯлингу мағзу мавизу донагиҳои гуногун ва қанду қандалот моҳирона оро медиҳанд. Чанд хонаро ба ҳамин тарз ороста, барои истиқболи меҳмонон омода мешаванд.

“Ба ҳунари арӯсон баҳо медиҳанд”
7-уми март субҳи барвақт хонаводаҳои наварӯсдор дарвозаро калон кушода, интизори меҳмонон мешаванд. Арӯсакон беҳтарин либосҳои худро ба бар мекунанду худро орову торо медиҳанд ва ба сар тоқиву сарандози тӯрӣ меандозанд.
Духтаракони хурду калон, ки чанд рӯз инҷониб бесаброна “Хонагаштак”-ро интизор буданду бо дугонаҳояшон аз хонаи кӣ сар кардану дар куҷо ҷамъ шуданро нақша кашида буданд, ба даст ҳинову ба қош вусма кашида, бар тан чакану атлас ба бар карда, аз субҳ гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаи арӯсон ташриф меоранд. Арӯсон онҳоро бо “салом” (салом бо сарандоз) пешвоз гирифта, ба хонаи оросташуда даъват мекунанд.
Духтаракон ба тарзи ороиши хона, либосҳои арӯс ва баъди чашидан аз дастархони пурнозу неъмат, байни худ ба арӯс ва маҳораташ баҳо дода, муҳокима мекунанд. Зеро онҳо дар ин рӯз ба хонаи даҳҳо арӯс ташриф меоранд ва ба муқоиса кардан низ фурсат меёбанд.
“Рисолати аслии ин анъанаҳо тарбияи наварӯсон дар бобати рӯзгордорӣ, сарфаю сариштакорӣ, нигоҳ доштани иффати нозуконаи зан ва ба ҳаёти муосир мутобиқ кардани анъанаҳои куҳан мебошад. Ибтидо наварӯсони боистеъдод дар ин ҷашн бо намоиши истеъдоду ҳунари худ бо ҳам сабқат меварзанд. Мо сабқат гуфтем, вале аввалан ин баҳо гирифтани онҳо аз тарафи хурдсолон аст.” – мегӯяд сокини ин ноҳия Шараф Зикруллоев.
Баъдан арӯсон бо дасти худ ба ҳамаи духтаракон бо дарназардошти синну сол тӯҳфаҳои пешакӣ омодакардаашонро ҳадя мекунанд.
“Давраҳои пеш чизҳои арзишашон камтарро, чун сақичи сафеду сиёҳ медоданд, чунки мардум дар харидории аксар тӯҳфаҳо вазнинӣ мекашиданд. Вале баъдтар, гӯшвору ангуштарину шонаву оина, собуну атр, руймолчаву сачоқча, сақичу дафтар, ручкаву қалам, ороишот барои муй ва дигар ашёе, ки барои ороиши духтаракон ба кор мераванд, чун армуғон тақдим карда мешуданд” – мегӯяд холаи Муҳаббат Маҳмудова.
Духтаракон баъди гирифтани тӯҳфаҳо бо дуои зани солманде аз ин хона берун мешаванд ва роҳи хонаи арӯси дигареро пеш мегиранд. Ҳамин тавр, аз субҳ то шом қабулу гусели меҳмонон давом меёбад.

Ҷашн дар табиат
Ба қавли Муҳаббат Маҳмудова, пештар ин ҷашн се рӯзи пурра таҷлил мешуд. Баъдан, фақат ду рӯз ва ҳоло як рӯз барпо мешавад.
Таҷлили “Хонагаштак” ҳоло мамнуъ буда, танҳо як рӯз арӯсакон дар сатҳи маҳал ва ноҳия онро ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз, занҳои деҳа ва наварӯсон ба баландие, ки сабзазори зебо аст баромада, доира навохтаву суруд мехонанд. Арӯсакон аз хӯрданиҳои лазизи омоданамудаашон ҳамроҳашон мебаранд ва болои сабза суфраи калон густарда, оро медиҳанд ва бо занҳои хешу наздиконашон шеъру суруду мазҳакахонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд. Худи занҳо дар якҷоягӣ сурудҳои халқӣ чун “Ёр, ёр” мехонанд.
“Дар ин базм байни арӯсон чун шеърхонию сурудхонӣ ва суханварӣ озмунҳо ташкил карда мешавад. Ба арӯсоне, ки маҳорату истеъдоди баланди худро нишон медиҳанду дар бораи оиладорӣ, модару хушдоман шеъру тарона ё суханҳои зебо мегӯянд, тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда мешавад” – мегӯяд Башорат ном сокини бузургсоли ин деҳа.
Баъзан духтарон ё арӯсон сурудҳои халқиро ба тарзи хор месароянд.
Яке аз анъанаҳои дигари ин ҷашн чунин будааст, ки занҳо ба духтарони фотиҳашуда болои сарашон куртаҳои зебову руймол гузошта ва дар дастархоне шириниҳо гирифта, ба хонаи духтар мерафтаанд, ки онро ба лаҳҷаи мардуми деҳ “боркаш” мегӯянд. Баъдан, аз сари духтар қанду танга мепошидаанд.
Мардону писарон низ барои тамошо мебароянд. Писарон низ анъанаҳои ба худ хосро доранд. Масалан, гурӯҳе ҷамъ шуда, “тухмҷанг” мекунанду қисмате куштигирӣ ва дигар бозиҳои миллӣ баргузор мекунанд. Қисмате аз кӯдакон бошанд, ба “бодбаракпарронӣ” машғул мешаванд.
Анъанаи қадимиву рамзии “Хонагаштак” баъди қабул гардидани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар доираи хеле маҳдуд таҷлил мешавад. Ба хонаи наварӯсон танҳо хешу ақрабо ва наздиконашон ташриф меоранд. Вале базм дар адиру сабзазор ҳар сол дар вақти муайян, аксаран рӯзҳои ҷашни Наврӯз баргузор мешавад.

Сарманшаи ин анъана аз куҷост?
Дар китоби “Манзили аҷдоди мо”-и Ҳасанбой Шарифов, рӯзноманигор ва нависанда, ҷашне ки дар боло тасфир кардем, ба Наврӯз рабт дода мешавад. Ӯ навиштааст, “Бо тақвими юлианӣ, ки дар давраи подшоҳии рус амал мекард, Наврӯз ба 7-8-уми март рост меояд ва онро маҳз дар ҳамин сана қайд мекарданд (на фақат дар Хуҷанд, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ, Эрон ва дигар давлатҳо). Моҳи феврали соли 1918 мувофиқи декрети ҳукумати советӣ тақвими Русия иваз шуд: аз тақвими юлианӣ ба тақвими ҳозиразамонаи григорианӣ гузаштанд”.
Ба навиштаи Ҳасанбой Шарифов, аз сабаби хатои тақвими юлианӣ, вақте ба тақвими григорианӣ гузаштанд, 13 рӯз тафовут пайдо шуд, яъне 1 январ ба 14 январ “ғеҷид”.
“Хуҷандиён мардуме ба ҳисоб мераванд, ки анъанаҳои кӯҳнаю қадимаи худро нигоҳ медоранд. Бинобар ин, хуҷандиён ҳатто баъди ивазшавии тақвим, чун пештара “Соли Нав” (Наврӯз)-ро 7 март қайд кардан мегирифтанд… Ана ҳамин тавр, бо ивазшавии тақвим Наврӯз дар Хуҷанд ноаён ба 13 рӯз барвақттар ғеҷид. Яъне, то ивазшавии тақвим агар 7-8 март ба баробарии рӯзу шаб рост ояд (бо тақвими юлианӣ), баъди гузаштан ба тақвими григорианӣ ба 21 март рост меомад”, – навиштааст ӯ.
Аз рӯи ин маълумотҳо маълум мешавад, ки сарманшаи “Хонагаштак”, ки 7-уми март ҷашн гирифта мешавад, Наврӯз аст. Зеро он пурра бо шева ва расму анъанаҳои наврӯзӣ таҷлил мешавад. Чун пухтани хӯроку шириниҳои миллию хонагӣ, тоза кардани хонаҳо, ба даст ҳинову ба абрӯ вусма кашидан, кокулони майдабофтаи духтарон, ба бар кардани атласу чакан ва хондани сурудҳои халқии идона хоси Наврӯз аст.

