Санад дар бораи маълумот ба тоҷикистониёни «худомӯз»

Aваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро тасдиқ кард, ки мутобиқи он минбаъд дар ҷумҳурӣ ба шахсоне, ки бидуни таҳсил дар омӯзишгоҳҳои касбӣ ё коллеҷҳо мустақилона ин ё он касбро азхуд кардаанд, дар бораи омодагии касбиашон шаҳодатнома дода мешавад.

Таҳиягари лоиҳаи қонуни мазкур вакил Нурулло Оқилзода мутмаин аст, ки қабули ин қонун ба таъмини ҳазорон нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита изҳор намуд, ки беш аз 70%-и муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия расман ҳеҷ маълумот дар бораи тасдиқи касб надоранд, вале аксари онҳо касбҳои бинокор, устои таъмигари автомашинаҳо, сартарош ва ғайраро азхуд кардаанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода қайд кард, ки имрӯз шумори аҳолии коршоями кишвар ҳудуди 5 млн. нафарро ташкил дода, наздики 2,5 млн. нафари тоҷикистониён дар дохил ва хориҷи кишвар машғули коранд ва ба ин шумор ҳамчнин муҳоҷирони корӣ низ шомиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...