Роҳандозии барномаи таълимии «роуд-шоу» аз «МегаФон Тоҷикистон»

Иттилоияи расмӣ

“МегаФон Тоҷикистон” лоиҳаи нави “Барномаи таълимии роуд-шоу”-ро барои донишҷӯён амалӣ менамояд. Барномаи таълимии “роуд-шоу” – ин силсилаи дарсҳои устодон барои донишҷӯёни болаёқат аз роҳбарони ширкатҳои  «МегаФон Таджикистан» ва “Хуавей” мебошад. Вохурии якум санаи 2-уми ноябри соли 2016 соати 13:00 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи слявании Россия ва Тоҷикистон баргузор мегардад. 

 “Барномаи таълимии роуд-шоу” – ин лоиҳа ҳам барои рушди касбӣ ва ҳам барои инкишофи шахсӣ фоидабахш аст. Ин барномаи солонаи таълимӣ  аз силсилаи дарсҳои устодон аз роҳбарони ширкатҳои “МегаФон Тоҷикистон” ва “Хуавей” иборат мебошад. Вазифаи муҳими лоиҳа – офаридани амалҳо миёни таҳсили классикии донишгоҳӣ ва таҷрибавӣ мебошад, ки дар тиҷорати муосир зарур шумурда шудааст. Роҳбароне, ки дорои малакаҳои кори муваффақ ва маълумоти ҳаматарафа дар соҳаи телекоммуникатсия ҳастанд, омодаанд муомилаҳои муфид ва ҷолибро, ки дар ширкатҳои бузурги байналмилалӣ қабул шудаанд омӯзонанд. Донишҷӯён имконияти фаҳмиданро пайдо менамоянд, ки дар ҷаҳони тиҷоратии технологияҳои бузург чӣ аз ҳама муҳимтар мебошад, чӣ гуна маълумотҳо ва малакаҳо дар оянда барои шахси кордон ва муваффақ гардидан натиҷа мебахшанд. Бо ҳамин тариқ метавон таҷрибаро дар соҳаи телекоммуникатсия ҳангоми донишҷӯӣ дарёфт намуд“, – шарҳ медиҳад Директори ҳайати кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Даря КРАСНОВА.          

Дар дарсҳои устодон роҳбарони ширкат таҷрибаҳо, дониш ва маҳоратҳои беҳтарини худро дар самтҳои зерин меомӯзонанд:  

– Технологияҳои пештарфтаи маркетинг

– Ояндаи технологияҳои иттилоотӣ: икониятҳо ва мақсадҳо

– Намунаи ширкати молиявии муосир: чӣ тавр мувозинаро миёни тараққиёт ва таъсирнокӣ таъмин намуд

– PR: маҳорати робитаи сифатнок

– Идораи истеъдодҳо дар тиҷорат

– Бо чӣ тарз дар тиҷорати амалкунанда пешсафии технологияро таъмин намудан

Ба донишҷӯён имконияти тамошо намудан ва дар таҷриба санҷидан фароҳам оварда мешавад, ки Телекоми муосир чӣ гуна “ҳаёт” мебарад, соҳа чӣ хел имкониятҳо дорад, чӣ тавр дар бозори технологияҳои инноватсионӣ бомуваффақ фаъолият намудан. Ғайр аз ин, ширкатҳо барои иштирокичёни вохурӣ мусоҳибаи шавҳовар ва туҳфаҳои дилкаш омода карда истодаанд.    

“Телеком – соҳаи бениҳоят серамал ва серҳаракат мебошад, ки технологияҳои нав ҳар якчанд сол ихтироъ карда мешаванд. Одатан, роҳбарони ширкатҳо барои сармоягузорон барномаҳои таълимиро мегузаронанд. Дар лоиҳаи таълимии мо идеяи сармоягузорӣ ҳам гузошта шудааст – барои мо бисёр муҳим аст, ки насли ҷавон дониши касбии махсусро барои ояндаи дурахшон дарёфт намояд ва мо омода ҳастем вақт ва малакаҳои худро барои омӯзонидани донишҷӯён сарф намоем. Аз як тараф, мо ниҳоят ҳавасманд ҳастем, ки мутахассисони ҷавони оянда қувва, ғайрат ва маҳорати худро дар рушду нумӯи индустрияи телеком ҷиҳати самҳ гузоштан омода бошанд. Мо ҳамеша идеяҳои нав ва ҷолибро қабул дорем ва танҳо хурсанд мешавем, ки дар дастаи худ донишҷӯёни пурғайрат ва лаёқатмандро истиқбол намоем. Умед аз он дорам, ки вохуриҳои мо пурарзиш буда дар рушди ҳам маориф ва ҳам тиҷорат дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои олӣ хоҳанд овард”, мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Дмитрий СЕМЁНОВ.

Дар рафти дарсҳои устодон ва муаррифиҳои роҳбарони ширкатҳо ба донишҷӯён дар хусуси чӣ тавр соҳаи Телеком дар муддати кӯтоҳ роҳи азимеро аз телефонҳои симдор ва пейҷерҳо ба смартфонҳои замонавии дорои амалҳои гуногун анҷом намуд. Донишҷӯён ва шояд алоқачиёни оянда аз таҷрибаҳое, ки муваффақиятро дар бозори инноватсия меофаранд   дар амал аз худ менамоянд.

Дарсҳои устодон ҳар моҳ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар анҷоми барнома ба донишҷӯён гузаштани тренинг аз рӯйи менеҷменти лоиҳавӣ ва масълаҳои дар тиҷоратӣ воқеӣ дархостшударо ҳал намудан, пешкаш карда мешавад. Қарорҳои беҳтарин бо туҳфаҳои арзанда ва имконияти дар амал татбиқ намудани онҳо  мукофотонида мешаванд. Ба ғайр аз ин, мутахассисони ҷавон метавонанд дар ширкатҳо таҷриба омӯхта малакаҳои касбии худро дар шароитҳои амалии “ҷангӣ”   “бурро” намоянд. Ва бешубҳа, ба корфармои эҳтимолӣ ва маърифати корпоративӣ диққат дода маҳоратҳои худро дар амал зоҳир намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.