Боз як рӯзи ид дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол намуд, ки мутобиқи он санаи 10 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия эълон шуда метавонад. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо фармони президент санаи 10 январи […]

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол намуд, ки мутобиқи он санаи 10 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия эълон шуда метавонад.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо фармони президент санаи 10 январи соли 2007 таъсис дода шудааст. Айни замон роҳбарӣ ба ин ниҳоди давлатиро писари президент Рустами Эмомалӣ бар дӯш дорад.

Дар назар аст, ки Рӯзи кормандони Агентии зиддифасод ҳамасола бидуни рӯзи истироҳат ҷашн гирифта шавад.

Қобили зикр аст, ки соли равон дар Тоҷикистон ду рӯзи идҳои нав ҷорӣ шуданд. Дар ҷаласаи моҳи апрел палатаи поёнии парлумони кишвар санаи 16 ноябрро ҷашни Рӯзи Президент тасдиқ намуд, ки ҳамасола бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад. Санаи 16 ноябри соли 1994 маросими нахусти савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Моҳи июн дар Тоҷикистон боз як иди нав ҷорӣ шуд, ки он ҳам ба президент марбут аст. Ҳамасола санаи 29 сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи дипломати тоҷик» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин сана бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.