Тасмими раҳоии зани машҳури афғон аз маҷаллаи «National Geographic»

Мақомоти Покистон тасмим гирифтаанд, то Шарбат Гул, зани машҳури афғонро, ки бо айби истифодаи ҳуҷҷати тақаллубӣ дар ин кишвар дастгир шудааст, бар ивази замонат озод кунад. Дар ин бора Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад. Чоудри Нисор Алихон, вазири корҳои дохилии Покистон гуфтааст, ки "фикр мекунам, дар қазияи Шарбат Гул мо бояд гузашт кунем, зеро […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Покистон тасмим гирифтаанд, то Шарбат Гул, зани машҳури афғонро, ки бо айби истифодаи ҳуҷҷати тақаллубӣ дар ин кишвар дастгир шудааст, бар ивази замонат озод кунад. Дар ин бора Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

Чоудри Нисор Алихон, вазири корҳои дохилии Покистон гуфтааст, ки "фикр мекунам, дар қазияи Шарбат Гул мо бояд гузашт кунем, зеро вай зан аст ва дар масоили марбут ба ӯ бояд аз нигоҳи инсонӣ назар кард".

Аммо Алихон афзудааст, ки парвандаи ин зан қатъ нахоҳад шуд. "Мо наметавонем, ӯро ба Афғонистон истирдод кунем ва ё ба вай раводиди муваққатиро бо ҳаққи берун рафтан аз кишвар диҳем. Зеро дар ин сурат, ҳамаи он хизматчиёни давлатие, ки ба ин зани афғон ҳуҷҷати тақаллубӣ додаанд, аз ҷавобгарӣ бояд озод карда шаванд, ки ин номумкин аст", – изҳор доштааст вазири корҳои дохилии Покистон.

Ин зани афғон баъди нашри як аксаш тобистони соли 1985 дар гузориши маҷаллаи "National Geographic" аз урдугоҳи муҳоҷирон, воқеъ дар Пешовари Покистон машҳур шуда буд.

Деҳаи паштунишини Афғонистон, ки Шарбат Гул ҳамроҳи хонаводааш мезист, ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор гирифта, дар натиҷа модару падари ӯ кушта шуданд. Ин акси ӯ он замон ба рамзи азобу машаққати гурезаҳои ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон табдил ёфта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.