Ситоиши Бонки ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон барои соддакунии расмиёти пардохти андоз

Дар гузориши Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ доир ба осонии роҳандозии тиҷорат Тоҷикистон мавқеъашро аз зинаи 130-юм то зинаи 128-ум беҳтар кард. Ин ба туфайли соддакунии расмиёти пардохти андозҳо имконпазир шуд. Дар гузориши «Роҳандозии тиҷорат 2017: имкони баробар барои ҳама» қайд мешавад, ки Тоҷикистон расмиёти пардохти андозҳоро аз ҳисоби ҷорисозии ҳисобнома-фактураҳо ва ворид кардани андози роҳ ба […]

Asia-Plus

Дар гузориши Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ доир ба осонии роҳандозии тиҷорат Тоҷикистон мавқеъашро аз зинаи 130-юм то зинаи 128-ум беҳтар кард. Ин ба туфайли соддакунии расмиёти пардохти андозҳо имконпазир шуд.

Дар гузориши «Роҳандозии тиҷорат 2017: имкони баробар барои ҳама» қайд мешавад, ки Тоҷикистон расмиёти пардохти андозҳоро аз ҳисоби ҷорисозии ҳисобнома-фактураҳо ва ворид кардани андози роҳ ба низоми барасмиятдарорӣ ва пардохти андоз содда кард. Ҳамчунин пардохти андозҳо аз ҳисоби паст кардани андоз аз даромад ва андози роҳ каммасрафтар шуд.

Бинобар сабаби кам кардани меъёрҳои андози роҳ ва андоз аз даромад, хароҷотҳо барои пардохти андозҳо коҳиш дода шуданд. Дар ҳамин ҳол, бо сабаби талаботи бақайдгирӣ ба сифати андозсупорандаи ААИ барои корхонаҳо бо даромади солонаи беш аз 500 ҳазор сомонӣ,таъсиси корхонаҳо дар Тоҷикистон душвортар гардид.

«Хурсандиовар аст, ки Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои «роҳандозии тиҷорат» рейтинги худро беҳтар кард, бахусус бо назардошти хатарҳои идомадоштаи иқтисодӣ ва зарурати фароҳам сохтани ҷойҳои кории зиёд дар кишвар, – қайд кардааст намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣдар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер. – Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо ҳукумати Тоҷикистон корҳоро дар самти такмили минбаъдаи низоми андозбандӣ бо назардошти афзалият ба соҳибкории хусусӣ идома медиҳад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.