Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд, соҳиби медалҳои нуқра ва роҳхат ба Ҷоми AFC-2017 гардид.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар бозии дигари мавқуфгузоштаи даври 13-ум дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. “Истиқлол”, ки бо 45 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ мақоми аввалро касб кард, барои панҷумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқа мукофотонида мешавад.
Дар се бозии дигари даври 13-ум дастаи “Барқчӣ»-и Душанбе дар майдони худ бар тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:0, «Хайр»-и Ваҳдат бар тими меҳмон – «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – бо ҳисоби 4:1 ва ССКА «Помир»-и Душанбе дар сафар бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
Ба ин тартиб, барои шаш бошгоҳи лигаи олӣ – «Истиқлол», «Хайр», ССКА «Помир», «Хуҷанд», «Вахш» ва «Парвоз» – мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2016 ба поён расид.
Дар се бозии охирини мусобиқаи имсола, ки бо ширкати “Барқчӣ” муқобили “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Ҳосилот” баргузор мешавад, тақдири медалҳои биринҷӣ ҳал хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол “Регар-ТадАЗ” бо 29 имтиёз дар ҷойи севум аст. “Барқчӣ”, ки се бозӣ камтар кардааст, бо 23 имтиёз дар зинаи 7-ум қарор гирифтааст. Барои ҷойи севум ин ду даста талош доранд. Шояд дар бозӣ миёни ҳарду соҳиби ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ маълум шавад.


