«Ҳосилот»-и Фархор ба Ҷоми AFC-2017 роҳхат гирифт

Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд, соҳиби медалҳои нуқра ва роҳхат ба Ҷоми AFC-2017 гардид. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар бозии дигари мавқуфгузоштаи даври 13-ум дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби бузурги […]

Радиои Озодӣ

Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд, соҳиби медалҳои нуқра ва роҳхат ба Ҷоми AFC-2017 гардид.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар бозии дигари мавқуфгузоштаи даври 13-ум дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. “Истиқлол”, ки бо 45 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ мақоми аввалро касб кард, барои панҷумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқа мукофотонида мешавад.

Дар се бозии дигари даври 13-ум дастаи “Барқчӣ»-и Душанбе дар майдони худ бар тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:0, «Хайр»-и Ваҳдат бар тими меҳмон – «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – бо ҳисоби 4:1 ва ССКА «Помир»-и Душанбе дар сафар бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.

Ба ин тартиб, барои шаш бошгоҳи лигаи олӣ – «Истиқлол», «Хайр», ССКА «Помир», «Хуҷанд», «Вахш» ва «Парвоз» – мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2016 ба поён расид.

Дар се бозии охирини мусобиқаи имсола, ки бо ширкати “Барқчӣ” муқобили “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Ҳосилот” баргузор мешавад, тақдири медалҳои биринҷӣ ҳал хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол “Регар-ТадАЗ” бо 29 имтиёз дар ҷойи севум аст. “Барқчӣ”, ки се бозӣ камтар кардааст, бо 23 имтиёз дар зинаи 7-ум қарор гирифтааст. Барои ҷойи севум ин ду даста талош доранд. Шояд дар бозӣ миёни ҳарду соҳиби ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ маълум шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.