Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Китобхонаи миллӣ Форуми 2-юми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мегардад. Оғоз соати 09:00 ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  7.8755 сомонӣ; 1 евро – 8.7418 сомонӣ; 1 рубли русӣ – 0.1207 сомонӣ.   ЯК […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Китобхонаи миллӣ Форуми 2-юми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мегардад. Оғоз соати 09:00

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8755 сомонӣ;

1 евро – 8.7418 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1207 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2002 — Дар гузаргоҳи Теми наздикии шаҳри Хоруғ пули нав аз болои дарёи Панҷ мавриди истифода қарор гирифт, ки соҳилҳои Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам пайваст.

2006 — Русия ба Тоҷикистон чор чархболи ҷангӣ – ду адад навъи Ми-8 ва ду адад навъи Ми-24 тақдим кард.

2010 — Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи маҳдуд шудани истеъмоли маҳсулоти тамоку»-ро тасдиқ намуд.

2014 — Терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дарҳои худро ба рӯи мусофирон боз кард.

1929 – Зодрӯзи нависанда Масъуд Муллоҷонов.

1937 – Мавлуди ҳунарпешаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бозгул Исоева.

1938 – Зодрӯзи нависанда Муҳиддин Хоҷаев.

1945 – Мавлуди нависанда Маъруф Бобоҷон.

1956 – Зодрӯзи доктори улуми филология Сайфиддин Назарзода.

1964 – Мавлуди доктори улуми техникӣ Ҷалил Пириев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10 рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +17+19.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.