Иҷозати EASA ба «Сомон Эйр» барои интиқоли мусофирон ба Иттиҳоди Аврупо

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иҷозати расмии EASA (Агентии Аврупо оиди бехатарии парвозҳо)-ро барои пешниҳоди дархост ҷиҳати ба даст овардани ҳуқуқҳои шахсӣ ба иҷрои парвозҳои мунтазам ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ИА ва дар қаламрави ИА ба даст овард. Азбаски Сомон Эйр ба тамоми талаботи бехатарии EASA, қисми ТСО (интиқолдиҳандагони кишварҳои сеюм) ҷавобгӯ мебошад, аввалин ва […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иҷозати расмии EASA (Агентии Аврупо оиди бехатарии парвозҳо)-ро барои пешниҳоди дархост ҷиҳати ба даст овардани ҳуқуқҳои шахсӣ ба иҷрои парвозҳои мунтазам ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ИА ва дар қаламрави ИА ба даст овард.

Азбаски Сомон Эйр ба тамоми талаботи бехатарии EASA, қисми ТСО (интиқолдиҳандагони кишварҳои сеюм) ҷавобгӯ мебошад, аввалин ва ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки мутобиқати он ба стандартҳои бехатарии байналмилалӣ расман эътироф гардидаанд.

Фаъолияти асосии Агентии Аврупо оиди бехатарӣ аз идоракунии стратегия ва бехатарӣ, сертификатсиякунонии маҳсулоти авиатсионӣ ва назорат аз рӯи ташкилотҳо ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо иборат мебошад. Ҷиҳати ба даст овардани иҷозати EASA, барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» зарур буд дар марҳилаи пешниҳоди дархост, дар муддати як сол нишон диҳад, ки ҳавопаймоҳо (таҷҳизот), инчунин фаъолияти амалиётии шуъбаҳои истифодабарии парвозҳо, хизматрасонии техникӣ ва шуъбаи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҷиддии пешниҳодмекардаи EASA ҷавобгӯ бошанд. Дар ҳақиқат боиси ифтихор аст, ки ба даст овардани иҷозати Агентии Аврупо оиди бехатарӣ (EASA) муясссар гардид.  Ин ба Сомон Эйр имкон медиҳад, ки самти парвозҳоро дар Аврупо дучанд кунад, ҳамчунин кӯшишҳо барои таъмин кардани бехатариро тасдиқ мекунад.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.