Баррасии масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия дар нишасти СҲШ

tojiki

Дар нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек ба кор шурӯъ кард, ба масъалаи имкони аз ҷониби Русия якҷониба қатъ кардани парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Дар доираи кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ масъалаи қатъи парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия низ баррасӣ мешавад. «Имрӯз ин масъала дар нишасти Бишкек баррасӣ хоҳад шуд», – менависад РИА Новости.

Қобили зикр аст, ки қаблан қариб ҳамаи васоити ахбори умуми Русия иттилоъ доданд, ки ҳафтаи оянда Русия метавонад якҷониба парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро қатъ кунад. Бино ба маълумоти нашрияи Коммерсантъ, ин ба он вобаста будааст, ки Душанбе ба мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи нави Жуковский хоҳиш надоштааст.

Дар навбати худ мақомоти Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуданд, ки баргузории гуфтушуниди мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо аз фурудгоҳи Жуковский санаи 24 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок дорад. Тавре пештар ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дода буд, дар Бишкек вохӯриҳои дуҷонибаи Қоҳир Расулзода ба нақша гирифта нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...