Савдогарону харидорон боз кардани бозори «Саховат»-ро дархост доранд

Савдогарони яке аз бозорҳои бузургтарини шаҳри Душанбе – «Саховат» аз баста шудани бозор дар тааҷҷубанд. Онҳо аз мақомот дархост доранд, ки бозор кушода шавад, зеро аксари маҳсулот вайрон шуда метавонад. Яке аз савдогарзанони бозор мегӯяд, бозор 1 ноябр баста шуда, шоми ҳамон рӯз кормандони хадамоти оташнишонӣ даромадгоҳҳои бозорро бо варақаи муҳрдор бастанд. «Моро иҷозат намедиҳанд, […]

Asia-Plus

Савдогарони яке аз бозорҳои бузургтарини шаҳри Душанбе – «Саховат» аз баста шудани бозор дар тааҷҷубанд. Онҳо аз мақомот дархост доранд, ки бозор кушода шавад, зеро аксари маҳсулот вайрон шуда метавонад.

Яке аз савдогарзанони бозор мегӯяд, бозор 1 ноябр баста шуда, шоми ҳамон рӯз кормандони хадамоти оташнишонӣ даромадгоҳҳои бозорро бо варақаи муҳрдор бастанд. «Моро иҷозат намедиҳанд, ки савдо кунем ё маҳсулотамонро гирем. Се рӯз гузашт ва аксари маҳсулоти зудвайроншаванда, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ шояд кайҳо вайрону ғайриқобили истифода шуда бошанд», – иброз дошт зан.

Айни замон савдогарон намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Онҳо изҳор медоранд, ки қоидаҳои бехтарии зиддисӯхторро риоя карда, дар бозор ҳам доимо санҷишҳо гузаронида мешаванд.

Ҳоли харидорони бозор низ хуб нест. «Мо назди бозор зиндагӣ мекунем ва харид кардан аз ин ҷо бароямон осону қулай аст, вале аллакай ду рӯз аст, ки аз ин бозор маҳсулот харида наметавонем», – гуфт як зан.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.