Дар Суғд 900 номгӯи дорувории тиббии пастсифат нобуд шуд

Аз оғози соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтии вилояти Суғд бо мақсади таъмини аҳолии минтақа бо маҳсулоти хушсифат ва бехатари дорувории тиббӣ дар доираи рейдҳои мунтазам дар 559 муассисаи фармасевтӣ, 79 муассисаи дармонгоҳӣ ва пешгирии бемориҳо ва 260 мағозаву нуқтаҳои фурӯши воситаҳои косметикӣ ва гигиенӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Сардори Раёсати […]

Баҳром Файзуллоев

Аз оғози соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтии вилояти Суғд бо мақсади таъмини аҳолии минтақа бо маҳсулоти хушсифат ва бехатари дорувории тиббӣ дар доираи рейдҳои мунтазам дар 559 муассисаи фармасевтӣ, 79 муассисаи дармонгоҳӣ ва пешгирии бемориҳо ва 260 мағозаву нуқтаҳои фурӯши воситаҳои косметикӣ ва гигиенӣ санҷишҳо гузаронида шуданд.

Сардори Раёсати зикршуда Диловар Холов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷараёни санҷишҳо 900 номгӯй (241 ҳазору 038 дона)-и дорувории тиббӣ, иловаҳои фаъоли билогӣ, воситаҳои косметикиву гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, бидуни сертификати мутобиқат ба сифат ва ба меъёрҳои тасдиқшуда номутобиқ мусодира шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи натиҷаҳои санҷиш бо пешниҳоди шуъбаҳои Раёсат нисбати 101 нафар соҳибкорони хусусӣ, кормандони муассисаҳои фармасевтӣ, муассисаҳои дармонгоҳӣ ва пешгирии бемориҳо мувофиқи қонунгузорӣ парвандаҳои маъмурӣ боз гардида, аз онҳо ба нафъи буҷети давлатӣ ба маблағи умумиии 229 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи дорувории тиббиву воситаҳои мусодирашуда ба маблағи умумии 1 млн. 530 ҳазор сомонӣ дар ҳузури аъзои комиссияи махсус дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд сӯзонида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.