Муассисони «Нигоҳ» аз қатъи нашри ҳафтанома хабар доданд

Asia-Plus

Бунёдгузор ва муассиси ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии «Нигоҳ» аз қатъи чоапи нашрия хабар доданд. Дар торнамои TojNews дар ин бора дар баёния интишор шудааст, ки дар зер онро манзуратон мегардонем.

«Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” бо таассуф изҳор медорад, ки  нашри ҳафтаномаро маҷбур аст, бино ба адами мавҷудияти шароити лозим, қатъ намояд.

Даҳ сол, аз моҳи декабри соли 2006 “Нигоҳ” ба унвони як нашрияи миллӣ, ки ҳадаф аз таъсиси он – эҷоди манбаъи мустақили иттилоъот ва таҳлил барои одамони фаъол буд, дар хидмати ҷомеа буд ва рисолати хешро пеш мебурд.

Нашрияи “Нигоҳ” талоше буд, ки бо шеваю усулҳои муҷоз, муҳимтарин масоили сарнавиштсозро мавриди баррасӣ қарор медод. Бунёдгузор ва аҳли қалами нашрия ҳаргиз ба масоили мубрами зиндагии мардум ва андешаҳои миллӣ бетафовут набудаанд.

Мо вазифаи инсонӣ ва миллии худ медонистем,ки ин гуна фаъолият  дошта бошем. Ба мардум иттилоъи дақиқ расонем, таҳлилҳои дорои бурҳон ва далелҳои боварибахш  пешниҳод намоем.  Маъмулан хунсардона, гоҳо бо эҳсоси дард ва гоҳо бо ифтихор, баъзан ба нармиву баъзан огоҳона  бо тундӣ, вале ҳамеша бо мантиқ ва эҳтиром ба хонанда аз имрӯзу ояндаи миллати дерина ва сахтҷони тоҷик менавиштем.

Кӯшиш  менамудем ,ки воқеияти зиндагии кунунии мардум ва вазъи кишвари азизамонро огоҳона ва ба дурустӣ ба мардум бирасонем. Дар давоми фаъолият борҳо бо мушкилоти мухталиф рӯ ба рӯ мешудем,вале ҳама сахтиҳоро таҳаммул мекардем, то нашрия фаъолияти хешро идома бидиҳад. Масоили  иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи сиёсӣ ва фарҳангӣ, аҳволи мардуми кишвар дар чунин вазъият ҳамеша меҳвари аслии матолиби таҳлилии нашрияи мо буда аст.

Мо талош менамудем, аз як сӯй беҳтарин ойинҳо ва суннатҳои хабарнигорӣ ва рӯзноманигории миллиро нигаҳ дорем ва аз сӯи дигар посухгӯ ба ниёзҳои кунунии ҷомеа ва мардуми кишварамон  бошем ва аз абзорҳои кунунии журналистикаи муосир дуруст истифода кунем.

Барои мо бешакк мактаби устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ва устод Улуғзодаю Отахон Латифӣ ва дигарон нуқтаи муҳиме буд, ки бо такя ба таҷриба ва арзишҳои он, хостем дар пешрафти кишвари азизамон саҳм дошта бошем. Умедворем ,ки то ҳадде гомҳои муассир дар ин роҳ бардошта бошем.

Ҳарчанд барои таърих даҳ соли фаъолият чандон дарозе нест, боз ҳам тақрибан ними умри давлатдории навинамон аст.

Роҳе ки мо тай кардем роҳи осон набуд, пастию баландиҳои зиёде дошт. Вале вақте ба гузаштаамон назар меандозем, гоҳо ифтихор мекунем, ки “Нигоҳ” ва дастандаркорони он ин роҳи борикро беҳуда напаймудаанд.

Соҳибмансабон ва ниҳодҳои вежа борҳо кӯшиш ба харҷ доданд, то ба сиёсати нашрия дахолат кунанд. Манофеъи шахсии хеш ё ҳаммаслаконашонро тавасути ин ҳафтанома таблиғ намоянд, ё ашхос ва ниҳодеро сияҳном кунанд, вале мо ҳаргиз ба худ иҷоза надодем, ки он чӣ хилофи инсоф, адолат, қонун ва манофеи миллии мо бошад, ба чоп бирасонем.

Зеро барои мо садоқат ба арзишҳои инсонӣ, таъмини авлавияти қонун, ҳифзи манофеи ҷомеа ва давлатдории миллии тоҷикон вазифаҳои муқаддас мебошанд.

Бунёдгузор ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди матбуоти тоҷикро аз рисолатҳои худ дониста, зиёни моддӣ аз чопи нашрияро ҷуброн мекард. Рискҳои гуногунеро таҳаммул менамуд, вале манофеи ҷомеаро болотар медонист. Хидмат ба Ватану Миллат барои мо ҳамин буд.

Ҳам акнун, ки шароит барои табъу нашри як ҳафтаномаи мустақил мавҷуд нест,  бунёдгузори нашрия ва аҳли эҷоди он тасмим гирифтанд, чопи онро қатъ кунанд.

Ин тасмим барои мо, бисёр ҷиддӣ ва басо душвор аст. Зеро марбут ба умеду интизориҳои ҳазорҳо хонанда, кормандон ва муаллифони нашрия мебошад.

 Бо сипос аз ҳамаи онҳое, ки ин муддат бо мо буданд, заҳмати аҳли қалами  “Нигоҳ” буданро доштанд, замоне онро раҳбарӣ мекарданд, дар ҳамоишу идораҳо аз ин тарҳи барои миллату  ҷомеа муҳимм ошкору ниҳон пуштибонӣ мекарданд, гӯшаву бахш, сиёсати иттилоотӣ  ё фаъолияти идораи нашрияро  мавриди таҳқиқи илмиву назариявӣ қарор медоданд, мунтазам ё гоҳе рӯзнома мехариданд, огоҳ мекунем, ки шароити таҳия ва нашри “Нигоҳ”  дигар мавҷуд намебошад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.