Манъи шаҳрвандии Русия доштани мансабдорони тоҷик

Дар иҷлосияи навбатии палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қонунҳо «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки мувофиқи онҳо, шахсони дорои шаҳрвандии ду кишвар дар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти амният кор карда наметавонанд. Тоҷикистон танҳо бо Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ дорад. Зимни суханронӣ дар парлумон муовини аввали […]

Asia-Plus

Дар иҷлосияи навбатии палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қонунҳо «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки мувофиқи онҳо, шахсони дорои шаҳрвандии ду кишвар дар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти амният кор карда наметавонанд. Тоҷикистон танҳо бо Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ дорад.

Зимни суханронӣ дар парлумон муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров дар ин робита изҳор намуд, ки дар сохторҳои КДАМ танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон кор карда метавонанд.

Ба гуфтаи ӯ, тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар равона гардидаанд. «Ҳамчунин кормандони КДАМ бояд ҳатман забони тоҷикӣ (давлатӣ)-ро хуб донанд», – гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҳамчунин ба нафақахӯрон низ дахл дорад. Акнун ба шахсоне, ки нафақапулӣ мегиранд, кор дар сохторҳои давлатӣ манъ шуда, вале агар нафақахӯр дар сохторҳои хизмати давлатӣ кор кунад, ӯ бояд аз гирифтани нафақапулии худ даст кашад.

Дар ҳамин ҳол, айни замон шумори хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.