Ҷавобгарии ҷиноӣ барои таҳқири Пешвои миллат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз пешниҳод барои ҳабси таҳқиркунандагони Пешвои Миллат ҳимоят кардааст. Хабаргузории «Озодагон» дар ин робита менависад, тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири Пешвои Миллат то 5 соли зиндон пешбинӣ шудаст: “Ин тарҳ аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, ҳукумат хулосаи мусбаташро нимаи моҳи […]

Хабаргузории "Озодагон"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз пешниҳод барои ҳабси таҳқиркунандагони Пешвои Миллат ҳимоят кардааст.

Хабаргузории «Озодагон» дар ин робита менависад, тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири Пешвои Миллат то 5 соли зиндон пешбинӣ шудаст: “Ин тарҳ аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, ҳукумат хулосаи мусбаташро нимаи моҳи октябр ироа намудааст”.

Ба иттилои манобеи “Озодагон” тағйироти мазкур 13-уми октябри соли равон ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст, аммо расман то ҳол аз ҷониби вакилон қабул нашудааст. Дар сурати қабули ин тағйирот барои таҳқири Пешвои Миллат, аз ҷумла тариқи интернет ё расонаҳо, ҷазо дар шакли ҷарима то 500 нишондиҳанда ё 5 соли зиндон татбиқ хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран расман Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат ва Тоҷикистони мустақил эълон шуда, аз ҳаққи роҳбарии якумрии кишвар бархӯрдор гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.