Эҳтимоли қатъи парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия

Ҳафтаи оянда Русия метавонад якҷониба парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро қатъ кунад. Бино ба маълумоти нашрияи Коммерсантъ, ин ба он вобаста будааст, ки Душанбе ба мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи нави Жуковский хоҳиш надоштааст. Дар Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки ин фурудгоҳ ба шаҳри Маскав мансуб буда, барои иҷозати парвозҳо ба Душанбе бозбинии […]

Asia-Plus

Ҳафтаи оянда Русия метавонад якҷониба парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро қатъ кунад.

Бино ба маълумоти нашрияи Коммерсантъ, ин ба он вобаста будааст, ки Душанбе ба мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи нави Жуковский хоҳиш надоштааст.

Дар Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки ин фурудгоҳ ба шаҳри Маскав мансуб буда, барои иҷозати парвозҳо ба Душанбе бозбинии созишномаи байниҳукуматӣ дар ин бора зарур аст. Аммо айни замон дар хатсайрҳо ба самти Тоҷикистон танҳо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон кор мекунанд ва аз ин рӯ, ҷониби Русия поймолкунии ҳуқуқи ширкатҳои ватаниашро изҳор намудааст.

Манбаъҳои нашрия дар ин соҳа зикр кардаанд, ки парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон метавонанд аз рӯзи 8 ноябр қатъ шаванд ва ин маълумотро дар Вазорати нақлиёт тасдиқ кардаанд.

Яке аз манбаъҳои нашрия гуфтааст, ин амал посух ба ҳукуматдорони Тоҷикистон аст, ки мувофиқасозии таъини парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия аз фурудгоҳи Жуковскийро рад карданд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ менависад, ҷониби Тоҷикистон таъкид доштааст, ки фаъол шудани фурудгоҳи нав дар наздики Маскав, боиси афзоиши парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд хоҳад шуд, ки ин амр ба созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди алоқаи ҳавоӣ, мухолифат дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.