Гуфтушуниди Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо

Баргузории гуфтушуниди мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо аз фурудгоҳи Жуковский санаи 24 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Маҳмадюсуф Раҳмонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин хусус ба Вазорат аз ҷониби Русия нома расида, пас аз омӯзиши он посух дода шудааст, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Баргузории гуфтушуниди мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо аз фурудгоҳи Жуковский санаи 24 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Маҳмадюсуф Раҳмонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин хусус ба Вазорат аз ҷониби Русия нома расида, пас аз омӯзиши он посух дода шудааст, ки дар шароити ҳозира роҳандозии хатсайрҳои нав аз фурудгоҳи Жуковский даромаднок нестанд.

«Мо чунин мешуморем, ки фурудгоҳи Жуковский чанде қабл мавриди истифода қарор гирифта, алҳол 100% фаъолият надорад ва бо ҳамин сабаб ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз камшумории мусофирон зиён мебинанд. Аз ин рӯ, бар ин назарем, ки ин масъаларо бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ ҳаллу фасл кардан зарур аст», – гуфт номбурда.

Дар Вазорати нақлиёт зикр карданд, ки айни замон бар асоси баробарӣ парвозҳо ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон ва Маскавро дутогӣ ширкатҳои Русия ва Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

Ҷониби Тоҷикистон қаблан барои парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ва ширкатҳои дигар кишварҳои хориҷӣ то 24 марти соли 2017 иҷоза додааст, вале ширкатҳои тоҷикистонӣ аз ҷониби Русия чунин иҷозатнома надоранд ва муҳлати иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Русия санаи 1 декабр ба итмом мерасад.

Қобили зикр аст, ки қаблан қариб ҳамаи васоити ахбори умуми Русия иттилоъ доданд, ки ҳафтаи оянда Русия метавонад якҷониба парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро қатъ кунад. Бино ба маълумоти нашрияи Коммерсантъ, ин ба он вобаста будааст, ки Душанбе ба мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи нави Жуковский хоҳиш надоштааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...