Қоҳир Расулзода: Тоҷикистон узвияти худ дар СҲШ-ро бештар афзалиятнок мешуморад

АМИТ «Ховар»

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 15-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар кори он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», қабл аз оғози ҷаласаи навбатӣ Сарвазири мамлакат дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев бо роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ширкат варзид.

Кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст бо вохӯрии хосаи роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ оғоз гардида, баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа дар нишасти доираи васеъ идома ёфт.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ дар нишасти доираи васеи ҳайатҳо, аз ҷумла, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти худ дар Созмони ҳамкории Шанхай афзалияти бештар дода, ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамҷаворӣ бо давлатҳои аъзои ин созмони муътабари ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд. Тавре таъкид гардид, соли равон кишварҳои аъзои созмон 15 соли узвияти худро дар Созмони ҳамкории Шанхай натиҷагирӣ карда, нақшаю ниятҳои минбаъдаи худро, ки дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои аъзоро фаро мегирад, тарҳрезӣ менамоянд.

Ба таъкиди Сарвазири мамлакат, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай ба рушди муносибатҳои байниҳукуматии давлатҳои аъзо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика ва сармоягузорӣ аҳамияти зарурӣ дода, аз таъсиси камарбанди иқтисодӣ дар доираи Роҳи бузурги абрешим ва татбиқи якҷояи лоиҳаҳои бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳан ҷонибдорӣ менамояд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба фаъолияти минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкӣ ва дигар шӯроҳои назди созмон, корҳои ташкилию молиявии он, таъсиси Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Бонк ва Хазинаи рушди созмон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, оид ба масъалаҳои рӯзномаи корӣ Эъломияи муштараки роҳбарони ҳайатҳо ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зимни нишасти навбатии худ ҳамчунин масоили марбут ба ҳамдастии муштарак дар мубориза ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагию ҳавасмании кишварҳои худро барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар ин самт таъкид намуданд.

Кори ҷаласаи навбатӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони сершумори васоити ахбори омма натиҷагирӣ шуда, раёсат дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба ҷониби Федератсияи Русия вогузор гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи ҷаласаи 15-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян баргузор гардид. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҷараёни иҷрои тавофуқоти дар сатҳи роҳбарони олии ду давлат бадастомада мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.