Кишварҳои узви СААД ба мубориза бо маводи мухаддир тақвият мебахшанд

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимов К.Н. баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар […]

Наим Халимов

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимов К.Н. баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа Директори Агентӣ Шерхон Салимзода иштирок намуда, дар назди ҳозирин баромад намуд. Дар баромади мавсуф қайд гардид, ки масъалаи мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар тавассути сарҳади ҷанубии кишварҳои аъзои СААД яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумат, фаъолияти ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Роҳбари Агентӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҷаласаи мазкур дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар саҳми муносиб гузошта, барои рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои СААД такони нав хоҳад бахшид.

Иштирокчиёни ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои СААД-ро барои солҳои 2016-2017 ва тағйир додани чорчӯбаи фаъолияти гурӯҳҳои кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, инчунин пешгӯии инкишоф ёфтани вазъи вобаста ба маводи нашъаоварро дар соли 2017 мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа бо назардошти таҷрибаи бадастомада пешниҳод гардид, ки амалияи гузаронидани амалиётҳои муштараки байналмилалӣ, ки ба муқовимат бо истеҳсоли маводи нашъаовар, ошкор ва қатъ гардидонидани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар равона гардидаанд, давом дода шавад.

Инчунин масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба аз нав интихоб намудани Раиси Шӯро ва таъин намудани Котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД баррасӣ гардиданд. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои СААД муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Зубов Игор Николаевич интихоб гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.