Кишварҳои узви СААД ба мубориза бо маводи мухаддир тақвият мебахшанд

tojiki

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимов К.Н. баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа Директори Агентӣ Шерхон Салимзода иштирок намуда, дар назди ҳозирин баромад намуд. Дар баромади мавсуф қайд гардид, ки масъалаи мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар тавассути сарҳади ҷанубии кишварҳои аъзои СААД яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумат, фаъолияти ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Роҳбари Агентӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҷаласаи мазкур дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар саҳми муносиб гузошта, барои рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои СААД такони нав хоҳад бахшид.

Иштирокчиёни ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои СААД-ро барои солҳои 2016-2017 ва тағйир додани чорчӯбаи фаъолияти гурӯҳҳои кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, инчунин пешгӯии инкишоф ёфтани вазъи вобаста ба маводи нашъаоварро дар соли 2017 мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа бо назардошти таҷрибаи бадастомада пешниҳод гардид, ки амалияи гузаронидани амалиётҳои муштараки байналмилалӣ, ки ба муқовимат бо истеҳсоли маводи нашъаовар, ошкор ва қатъ гардидонидани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар равона гардидаанд, давом дода шавад.

Инчунин масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба аз нав интихоб намудани Раиси Шӯро ва таъин намудани Котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД баррасӣ гардиданд. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои СААД муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Зубов Игор Николаевич интихоб гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.