Ғалабаи навбатии футболбозони тоҷик бар дастаи Афғонистон

Date:

Дар бозии дӯстона миёни мунтахабҳои футболи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки рӯзи 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, футболбозони тоҷик дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст доданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон муаллифи тӯби ягона дар бозӣ ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов аст, ки онро дар дақиқаи 74-уми бозӣ ба самар расонидааст.

Гуфта мешавад, байни мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Афғонистон 6 бозӣ доир гардида, дар 5-тои он футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва таносуби тӯбҳо 13 бар 2 ба фоидаи тоҷикистониён аст.

Ин бозии охирини мунтахаби футболи ҷумҳурӣ дар соли равон аст. Таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов мунтахаби Тоҷикистон 7 бозӣ гузаронида, дар 4-тои он ғолиб (Бангладеш – 5:0 ва 1:0; Туркманистон – 3:0 ва Афғонистон – 1:0) омад ва 3 бозӣ мусовӣ (Сурия – 0:0, Фаластин – 1:1 ва 3:3) анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки соли оянда мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 иштирок мекунад. Рӯзи 18 январи соли оянда маросими қуръапартоии ин марҳилаи мусобиқа баргузор мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...