Чин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 10 дидбонгоҳ месозад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои наздик созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Чин дар бораи сохтмони иншооти гуногун дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасдиқ мекунад.

«Созишнома дар бораи сохтмони иншоот дар сарҳад санаи 1 октябр дар Душанбе ба имзо расид. Мутобиқи он, ҷониби Чин воситаҳои грантӣ ҷудо намуда, худаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, се қароргоҳ (комендатура), панҷ дидбонгоҳи сарҳадӣ, панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ ва як маркази таълимӣ бунёд мекунад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон.

Аз ифшои маблағи умумии воситаҳои грантие, ки аз ҷониби ҳукумати Чин бо ин мақсад ҷудо карда мешаванд, манбаъ худдорӣ варзид.

Қаблан Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ дода буд, ки Чин ҳамчунин, барои марзбонҳои тоҷик биноҳои маъмуриву хидматӣ, макони зист, майдонҳои тамринӣ, анбор ва дигар иншооти ёрирасонро бунёд карда, бо таҷҳизоту муҳимот таъмин хоҳад кард. Тарафи Чин вазифадор шудааст, ки тарҳи сохтмони ин иншооти низомиро таҳия карда, тавассути муҳандисони худ ба иҷро расонад.

Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон бар асоси ин созишнома вазифадор шудааст, барои сохтмони ин иншоот замин ҷудо карда, амнияти кормандони чиниро дар марз таъмин намояд. Тибқи банди сеи ин созишнома ҷониби Чин аз пардохти ҳама намуди андоз, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳое, ки бо сохтмон вобаста ҳастанд, озод карда мешавад.

Гуфта мешавад, Чин аввали соли ҷорӣ дидбонгоҳи сарҳадии "Гулхан"-ро дар марз бо Афғонистон ба истифода дод. Сохтмони иншооти мазкур дар ним сол ба итмом расид. Дидбонгоҳи сарҳадии «Гулхан» дар яке аз қитъаҳои душворгузари марз, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) сохта шуд. Он дар баландии теппа қомат афрохта, масофаи марз аз он чун дар кафи панҷа намоён аст.

Чин дар ҳоли ҳозир аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Қарзи Душанбе аз Пекин аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин қарзҳо асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд. Бар илова, Пекин ба Душанбе то соли 2018 ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигарро додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин ихтисос дода хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...