Қатъи фаъолияти хабаргузории мустақили TojNews

Бо қарори муассис – Созмони ҷамъиятии «Индем» хабаргузории мустақили TojNews фаъолияташро қатъ намуд. Қаблан «Индем» аз қатъи нашри ҳафтавори «Нигоҳ» хабар дода буд. «Ҳайати эҷодии ожонси итилоотии “Тоҷнюс” бо таассуф арз медорад, ки бо қарори муассиси ожонс – Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз 2 – юми ноябри соли 2016, имрӯз, 14 –уми ноябр соати 13.00 мо фаъолиятамонро […]

Asia-Plus

Бо қарори муассис – Созмони ҷамъиятии «Индем» хабаргузории мустақили TojNews фаъолияташро қатъ намуд. Қаблан «Индем» аз қатъи нашри ҳафтавори «Нигоҳ» хабар дода буд.

«Ҳайати эҷодии ожонси итилоотии “Тоҷнюс” бо таассуф арз медорад, ки бо қарори муассиси ожонс – Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз 2 – юми ноябри соли 2016, имрӯз, 14 –уми ноябр соати 13.00 мо фаъолиятамонро қатъ мекунем», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, «ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид. Сабабаш ҳам маълум: дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд  намебошад. Умедворем ин вазъ абадӣ нахоҳад монд».

Бо қарори «Индем», аз ин ба баъд бойгонии Ожонси иттилоотии TojNews моли миллат маҳсуб шуда, истифодаи маводи ҳамаи бахшҳои он, минҷумла тарҳҳои хоса бидуни риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ муҷоз аст.

Ёдрас мекунем, ки раёсати фонди «Индем» санаи 2 ноябр қатъи нашри ҳафтавори «Нигоҳ»-ро эълом дошта буд, ки муддати қариб 10 сол бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Сабаби қатъи чопи нашрия адами мавҷудияти шароити лозим унвон шуда буд.

Баъдан созмонҳои журналистӣ бо пахши як изҳорот аз қатъи нашри ҳафтавори «Нигоҳ» нигаронӣ изҳор намуданд. Онҳо зикр карданд, ки бо қатъи фаъолияти “Нигоҳ” аз майдони иттилоотӣ фазои гуногунандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тангтар мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.