Таҳияи филми дусериягӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

Коргардони тоҷик Ёрмаҳмад Аралев дар бораи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон филми мустанади дусериягӣ таҳия намуд, ки «Марде аз сарнавишт» ном дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент дар Тоҷикистон филми мазкур шомгоҳони рӯзҳои 15-16 ноябр тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Коргардони тоҷик Ёрмаҳмад Аралев дар бораи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон филми мустанади дусериягӣ таҳия намуд, ки «Марде аз сарнавишт» ном дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент дар Тоҷикистон филми мазкур шомгоҳони рӯзҳои 15-16 ноябр тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода мешавад.

Дар ин филм аз хотираҳои ҳамсафони президент, ходимони маъруфи давлатии кишвар, наворҳои мустанади бойгонии замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва дигар маводи муҳиму ҷолиби таърихӣ истифода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз ҳамин сол санаи 16 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.

Имсол ҷашни пуршукӯҳи ин сана дар назар аст. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо навиштаҷоти «Президенти мо – Пешвои мост» аксҳои калони президент насб мешаванд.

Дар тамоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ маросимҳои намоиши китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, машғулиятҳо доир ба муҳтавои онҳо ва дар муассисаҳои томактабӣ дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» озмуни расмҳо гузаронида мешавад.

Дар ҷашни Рӯзи президент дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳат, театрҳои шаҳру навоҳӣ ва дар толори сирки давлатӣ намоишномаҳои бепул, аз қабили консертҳову мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар ин рӯз озмуни қироати шеърҳо ба муносибати Пешвои миллатро баргузор мекунад, ки дар он кормандони Вазорат, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва курсантҳои Академияи ВКД иштирок мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.