Тошканду Душанбе ба ҷараёни таъину аломатгузории марз суръат мебахшанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 14 ноябр бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Содиқ Имомӣ мулоқот доир гардид.

«Дар вохӯрӣ масъалаҳои суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба таъину аломатгузории марзи давлатии ҳарду кишвар ва тезонидани анҷоми расмиёти ҳуқуқии он баррасӣ шуданд», – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти ВКХ Ӯзбекистон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, ба наздикӣ гурӯҳи кории Тоҷикистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафар мекунад. «Ҷонибҳо то охири соли равон ин масъаларо пурра ҳаллу фасл карданианд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, масофаи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистоон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки 105 километри он марзи обӣ ва 1227,9 километраш марзи заминӣ аст.

Мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар марзи кишварҳо 16 нуқтаи гузаргоҳ мавҷуд аст, ки 9-то он мақоми байнулмилалӣ ва боқимонда 7-тои он мақоми дуҷониба доранд. Чортои онҳо нуқтаи гузаргоҳ барои ҳаракати қатораҳои роҳи оҳан мебошанд.

Дувоздаҳ нуқтаи гузаргоҳ дар вилояти Суғд ва боқимонда 4-тои он дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода воқеъ мебошанд. Яке аз шохаҳои асосии роҳи автомобилгард ва қитъаи роҳи оҳан аз қисмати ғарбии Ӯзбекистон ба самти қисмати шарқӣ ва минбаъд ба Қирғизистон тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Айни замон барои равуои шаҳрвандон ва қисман ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Турсунзода (гузаргоҳи «Дӯстӣ») ва дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд (гузаргоҳи «Фотеҳобод») ду гузаргоҳи дорои мақоми байнулмилалӣ фаъолият доранд.

То соли 2002 ҷонибҳо 86%-и хати убури марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро таъину аломатгузорӣ карда, ҳамон сол Шартнома дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расида буд

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.