Итолиёвиҳо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро муддати 13 сол пурра ба анҷом мерасонанд

Ширкати итолиёвии Salini Impregilo муддати 13 сол сохтмони нерӯгоҳи Роғунро пурра ба анҷом мерасонад. Барои иҷрои ин корҳо ба ширкат 3,9 млрд. доллари ИМА маблағ дода мешавад. Дар маҷаллаи ширкат дар ин робита зикр шудааст, ки барои амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун солҳои зиёд лозим буда, ширкат аллакай корҳои бунёди сарбандиву гиливу хокии нерӯгоҳ бо […]

Asia-Plus

Ширкати итолиёвии Salini Impregilo муддати 13 сол сохтмони нерӯгоҳи Роғунро пурра ба анҷом мерасонад. Барои иҷрои ин корҳо ба ширкат 3,9 млрд. доллари ИМА маблағ дода мешавад.

Дар маҷаллаи ширкат дар ин робита зикр шудааст, ки барои амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун солҳои зиёд лозим буда, ширкат аллакай корҳои бунёди сарбандиву гиливу хокии нерӯгоҳ бо баландии 335 метрро оғоз кардааст ва барои сохтмони иншооти мазкур 1,95 млрд. доллари ИМА равона мегардад.

Дар Salini Impregilo таъкид месозанд, ки барои комилан амалисозии лоиҳа, яъне ба истифода додани ҳамаи 6 агрегати нерӯгоҳ, аллакай соли 2018 истеҳсоли нерӯи барқ дар ду агрегат ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқи истеҳсолшуда аз ин ду агрегат сохтмони минбаъдаи нерӯгоҳ идома ёфта, барои анҷоми пурраи сохтмони нерӯгоҳ 13 сол вақт зарур аст.

«Мавриди амал қарор гирифтани як қисмати лоиҳа қадами нахуст дар ҷараёни сохтмони тӯлонӣ буда, ба бунёди яке аз нерӯгоҳҳои бузургтарини барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ бо иқтидори муқарраршудаи 3600 МВт – баробари ҳаҷми истеҳсоли 3 нерӯгоҳи атомӣ имкон фароҳам меоварад», – қайд мешавад дар маълумоти Salini Impregilo.

Зимни суханронӣ дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш президенти Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки сохтмони чунин як иншооти бузургу беназир, яъне нерӯгоҳи «Роғун» ки барои Тоҷикистон тақдирсоз аст, аз лиҳози техникиву муҳандисӣ ва молиявӣ тартибу усули махсусро талаб менамояд. «Бинобар ин, таъкид месозам, ки бунёди нерӯгоҳи «Роғун» кори саҳлу осон ва яксолаву дусола нест», – гуфта буд сарвари давлат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.