Кору зиндагии рӯзмарраи нобиноёни шаҳри Душанбе

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии нобиноён (13 ноябр) хабарнигорони «Азия-Плюс» аз корхонаи истеҳсолӣ барои нобиноён дар шаҳри Душанбе боздид намуданд. Корхонае, ки дар он афроди биноиашон суст ва қариб нобиноён фаъолият мекунанд, дар маркази шаҳри Душанбе, паҳлӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон воқеъ аст. Дар бинои начандон калон таҷҳизоти истеҳсоли борҷомаҳо ва сарпӯшҳо барои шиша насб шуда, дар […]

Мавзуна Абдуллоева, Парвиз Турсунов, Asia-Plus

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии нобиноён (13 ноябр) хабарнигорони «Азия-Плюс» аз корхонаи истеҳсолӣ барои нобиноён дар шаҳри Душанбе боздид намуданд.

Корхонае, ки дар он афроди биноиашон суст ва қариб нобиноён фаъолият мекунанд, дар маркази шаҳри Душанбе, паҳлӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон воқеъ аст. Дар бинои начандон калон таҷҳизоти истеҳсоли борҷомаҳо ва сарпӯшҳо барои шиша насб шуда, дар ин ҷо ҳудуди 20 нафар кор мекунанд.

Мирзомурод Сангов пурра нобино буда, дар ин ҷо муддати 20 сол аст, ки кор мекунад:

– Кор дар ин ҷо душвор нест ва ғайр аз ин, мо аз самими дил кор мекунем. Рӯзи корӣ соати 8-и субҳ оғоз гардида, то соати 15-и рӯз идома меёбад. Ман 250 сомонӣ маош гирифта, боз давлат ба мо нафақа медиҳад. Ба сурати умум мо қаноатмандем. Муҳимаш он аст, ки ҳозир дар давлати мо сулҳу оромӣ ҳукмфармо аст.

Коргари дигар Тӯйчимурод Розиқов, ки низ пурра нобино аст, аз соли 2003 дар ин ҷо кор мекунад:

– Баъди даргузашти модарам, ки ман дар синфи 4-ум мехондам, дигар касе надоштам, ки маро ба мактаб-интернат барои нобиноёни ноҳияи Ҳисор барад. Он вақт ман ҳамон ҷо зиндагӣ мекардам. Акнун ман дар пойтахт бо бародарам зиндагӣ дорам. Соҳиби ҳамсару як духтарам.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.