Гумонбарии 4 марди калонсол ба куштори сокини 38-солаи пойтахт

Се сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва як сокини шаҳри Душанбе ба куштори марди 38-солаи сокини пойтахт гумонбар дониста мешаванд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 13 ноябр аз дохили канали обгузари ҳудуди ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор, ҷасади марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо захми пушти сар дарёфт гардидааст. Гуфта […]

Asia-Plus

Се сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва як сокини шаҳри Душанбе ба куштори марди 38-солаи сокини пойтахт гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 13 ноябр аз дохили канали обгузари ҳудуди ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор, ҷасади марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо захми пушти сар дарёфт гардидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар километри 12-уми канори шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, автомашинаи шахсии марҳум тамғаи “Опел-Зефира” дарёфт гардидааст.

Зикр мегардад, ки ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти  Прокуратура се нафар марди 46, 47 ва 51-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва марди 61-солаи сокини шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки айни замон гумонбаршудагон  дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.