Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2017-ро маъқул донист

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро маъқул донист. Нисбат ба соли 2016 ҳаҷми умумии буҷети соли оянда 1,8 млрд. зиёдтар ба нақша гирифта шудааст.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён қайд кард, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017 беш аз 19 млрд. 568 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қисмати даромади буҷети соли оянда дар ҳаҷми 14,7 млрд. сомонӣ, аз ҷумла аз воридоти маблағҳои андоз – беш аз 13,2 млрд. сомонӣ; воситаҳои ғайриандозӣ – 1,1 млрд сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби ниҳодҳои молии байнулмилалӣ – 366,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳаҷми буҷети лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ҳамроҳ бо созмонҳои байнулмилалии молӣ амалӣ мешаванд, ҳудуди 3,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2017 ба маблағи 19 млрд.863 млн. сомонӣ муқаррар шудааст.

Аз ҷумла ба маблағгузории мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ – беш аз 1,1 млрд. сомонӣ; соҳаи маориф – ҳудуди 3,5 млрд. сомонӣ; тандурустӣ – зиёда аз 1,4 млрд. сомонӣ; суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – беш аз 3,2 млрд. сомонӣ; чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва солимӣ – 822 млн. сомонӣ; хоҷагии манзилию коммуналӣ, экология ва хоҷагии ҷангал – 702 млн. сомонӣ; комплекси сӯзишворӣ ва энергетикӣ – беш аз 3,3 млрд. сомонӣ; бахши кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 583 млн. сомонӣ; саноат ва сохтмон – 137 млн. сомонӣ; нақлиёт ва коммуникатсия – ҳудуди 1,4 млрд. сомонӣ ва дигар бахшҳои иқтисод ва хизматгузориҳо – наздики 40 млн. сомонӣ маблағҳо равона мегарданд. Ҳаҷми дигар хароҷот ба маблағи наздики 2 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳадди ниҳоии касри буҷети давлатӣ барои соли 2017 ба андозаи 0,5% нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё худ ҳудуди 295 млн. сомонӣ муайян карда шудааст.

Соли оянда рӯйпӯш кардани касри буҷет аз ҳисоби воридоти маблағҳо аз хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ, аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ, барзиёд иҷро шудани буҷетҳои маҳаллӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби фоизҳои амонатҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва қарзҳо (грантҳо) аз созмонҳои молии байнулмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Дар қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2017 ҳамчунин ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шудааст, ки аз 1 январи соли оянда ба ҷойи 40 сомонии ҳозира 50 сомониро ташкил хоҳад дод.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли оянда дар ҳаҷми 58,9 млрд. сомонӣ, сатҳи таваррум – 7% ва қурби пули миллӣ нисбати доллари ИМА – 9,16 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати газидани гӯши сокинони пойтахт аз сӯйи як мард ва ду духтар хабар дод. Ҳар ду...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард

Созишнома имкон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик ташхиси тиббиро дар ватан гузаранд.