Боздошти одамҷамъкуни тоҷикистонии Давлати исломӣ дар фурудгоҳи Петербург

Дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург нимаи рӯзи 15 ноябр кормандони Интерпол шаҳрванди Тоҷикистон Умар Мирзоевро боздошт намуданд, ки ба гумони ҷалби одамон баҳри узвият дар сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дорад. Дар ин бора «Фонтанка» хабар медиҳад. Умар Мирзоев аз Санкт-Петербург ба шаҳри Самара сафар доштааст. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе, солҳои […]

Asia-Plus

Дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург нимаи рӯзи 15 ноябр кормандони Интерпол шаҳрванди Тоҷикистон Умар Мирзоевро боздошт намуданд, ки ба гумони ҷалби одамон баҳри узвият дар сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дорад. Дар ин бора «Фонтанка» хабар медиҳад.

Умар Мирзоев аз Санкт-Петербург ба шаҳри Самара сафар доштааст. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе, солҳои тӯлонӣ дар шаҳри Толятти кору иқомат мекардааст. Шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ҳамчунин ба ташкили амалҳои террористӣ низ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои «Федеральное агентство новостей», оилаи Мирзоеви 25-сола дар шаҳри Самара зиндагӣ мекардааст. Чанде қабл Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ӯро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кардааст.

Тибқи маълумоти тафтишот, Мирзоев ба ҳаммаслакони худ дастур додааст, ки дар кадом ҷойҳои ноҳияи Хуросони Тоҷикистон ташкили амали террористӣ зарур аст. Ба яке аз онҳо супориш додааст, ки муҷассама дар боғи марказии шаҳри Кӯлобро тарконад. Ҷангии дуюм бояд ба бинои маъмурии шуъбаи амнияти ноҳия ворид шуда, дар он ҷо таркиш ба амал меовард. Ба нафари сеюм Мирзоев дастур додааст, ки дар деҳаи Фахрбод боз як муҷассамаро тарконида дар он парчами Давлати исломиро насб намояд.

Дар бораи бо кадом мақсад ба Петербург омадани Мирзоев мақомоти тафтишот алҳол маълумот надодаанд. Айни замон ӯ дар Шуъаби умури дохилии «Пулково» нигаҳдорӣ мешавад. Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, Мирзоев ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 12 ноябр Хадамоти федералии амнияти Русия аз боздошти 10 нафар зодагони Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург хабар дода буд, ки содир кардани амалҳои теророристӣ дар ин шаҳрҳоро тарҳрезӣ намуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.