Муҷозоту ҷустуҷӯи 4 бародар барои робита бо Давлати исломӣ

Чор бародарон аз ноҳияи Рӯдакӣ афкору андешаҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ»-ро фаъолона таблиғ мекарданд. Ду нафари онҳо боздошт ва маҳкум шуданд. «Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бародарон, сокинони деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ Хушвахт Ҳалимови 26-сола (падари 1 фарзанд) ва Сайдулло Ҳалимови 42-сола (падари 5 фарзанд)-ро барои таблиғи фаъолонаи афкори Давлати исломӣ ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Чор бародарон аз ноҳияи Рӯдакӣ афкору андешаҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ»-ро фаъолона таблиғ мекарданд. Ду нафари онҳо боздошт ва маҳкум шуданд.

«Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бародарон, сокинони деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ Хушвахт Ҳалимови 26-сола (падари 1 фарзанд) ва Сайдулло Ҳалимови 42-сола (падари 5 фарзанд)-ро барои таблиғи фаъолонаи афкори Давлати исломӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои ин гурӯҳ мутаносибан ба 17 ва 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард», – хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ.

Бино ба маълумоти манбаъ, маҳкумшудагон ҳамчунин ба маблағгузории сафари чанде аз шаҳрвандон ба Сурия низ гунаҳкор дониста шудаанд.

Ду бародари дигари маҳкумшудагон – Нурулло Ҳалимови 41-сола ва Муродалӣ Ҳалимови 35-сола ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои монанд ба ҷиноятҳои бародаронашон мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.