Ҳимояи лоиҳаҳо оид ба «Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ» дар «Спитамен Бонк»

Дар маркази тренингии ҶСП “Спитамен Бонк” ҳимояи иштирокчиёни тренингҳо оид ба “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкории” барномаи Т-МВА, бо дастгирии молиявии ҶСП “Спитамен Бонк”,  дар доираи барномаи оид ба баландбардории саводнокии аҳолӣ баргузор гардид. Дар давоми ҷаласаҳо иштирокчиён мавзӯҳоеро омӯхтанд, ки бо ҷаҳони муосири тиҷорат ва молия ворид гашта, барои дарк кардани маъно ва арзиши омӯзиш, […]

Иттилоияи расмӣ

Дар маркази тренингии ҶСП “Спитамен Бонк” ҳимояи иштирокчиёни тренингҳо оид ба “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкории” барномаи Т-МВА, бо дастгирии молиявии ҶСП “Спитамен Бонк”,  дар доираи барномаи оид ба баландбардории саводнокии аҳолӣ баргузор гардид.

Дар давоми ҷаласаҳо иштирокчиён мавзӯҳоеро омӯхтанд, ки бо ҷаҳони муосири тиҷорат ва молия ворид гашта, барои дарк кардани маъно ва арзиши омӯзиш, ташкили вақт ва тиҷорати худ кӯмак мекунанд.

Мақсади ассосии курси мазкур пешниҳод кардани маводи аз нигоҳи синну сол мутобиқ гардонида шуда, барои омӯхтани фаъолияти соҳибкорӣ  ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии иштирокчиён буд. Дар хотимаи курс иштирокчиён  нақшаҳои тиҷоратии худро  коркард намуда, онҳоро бо истифодаи графикаҳои иттилоотӣ ва асосноккунии иқтисодӣ пешкаш карданд.

Кор бо иштирокчиёни курсҳо дар се самт бурда шуд: “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ” (тренер Нигор Абдуаҳадова), “Инфографика. Малакаҳои компютерӣ барои  соҳибкори навкор” (тренер Ҷаҳонгир Ҷалолов) ва “Ташаккули рушди шахсӣ”  (тренер Манижа Шамсиева).

Хатмкунандагон лоиҳаҳои худро ба мутахассисон аз шумори роҳбарияти ҶСП «Спитамен Бонк» Умедҷон Ҳикматов, Хуршед Одинаев, Бобоева Зарина, Ҷамшед Абдуллоев пешкаш намуданд.

Мутахассисон бо тантана ба хатмкунандагон 17 сертификат барои коркард ва ҳимояи лоиҳаҳо тақдим намуданд. Инчунин  се муаллифи лоиҳаҳои беҳтарин аз ҷониби ҶСП “Спитамен Бонк”  бо идрорпулии якдафъаина қадр карда шуданд. Ҷои аввал ба Давлатова Маряна бо лоиҳаи студияи рассомӣ « Сreative Art World», ҷои дуюм ба Иваненко Валерий бо лоиҳаи мактаби футбол барои кӯдакон «Junior» ва ҷои сеюм ба лоиҳаи студияи коркарди бозиҳои мобилӣ «Gamer» насиб гашт.

Ёдовар мешавем, ки курсҳои дуюми оид ба “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкории” барномаи Т-МВА бо дастгири молиявии ҶСП “Спитамен Бонк” барои наврасони синни аз14 то 18 сола, аз 21 август оғоз шуданд ва аз шонздаҳ ҷаласа иборат буда, тӯли якуним моҳ идома ёфтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.