Меҳнаткашонро аз 1 рӯзи истироҳат маҳрум карданд

Парлумони Тоҷикистон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро маъқул донист. Мувофиқи ин тағйирот, Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон, ки дар аксари кишварҳо санаи 1 май ҷашн гирифта мешавад, дигар рӯзи истироҳат шуморида намешавад. Дар Тоҷикистон ин сана ҳанӯз аз замони шӯравӣ ҷашн гирифта мешавад. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 1 май […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парлумони Тоҷикистон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро маъқул донист. Мувофиқи ин тағйирот, Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон, ки дар аксари кишварҳо санаи 1 май ҷашн гирифта мешавад, дигар рӯзи истироҳат шуморида намешавад.

Дар Тоҷикистон ин сана ҳанӯз аз замони шӯравӣ ҷашн гирифта мешавад. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 1 май ҳатман гузаштҳову раҳпаймоӣ ва намоишҳои меҳнаткашон доир мегардиданд. Даҳсолаи ахир ин санаро танҳо ҷонибдорони Ҳизби коммунист ҷашн мегирифтанд, вале ҳукумати расмӣ ҳам ба ҳар ҳол дар боғҳо сайругаштҳои оммавӣ ташкил мекард.

Соли гузашта Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон изҳор намуд, ки ба ҷашни Рӯзи меҳнат ҳамроҳ мешавад. Рӯзи 30 апрели соли 2016 муовини раиси Иттифоқи касааби мустақили Тоҷикистон Бахтиёр Абдуллоев дар васоити ахбори умум зикр кард, ки «минбаъд санаи 1 май бо иштироки миллионҳо аҳолии ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона ва сайругаштҳои мардумӣ дар фазои ваҳдату ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор мешаванд».

Ғайр аз ин, имрӯз, 16 ноябр вакилон дар бораи минбаъд ҳамасола санаи 10 январ дар Тоҷикистон ҷашн гирифтани иди касбии кормандонии Агентии зиддифасод қарор қабул карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.