Таваррум дар Тоҷикистон аз сатҳи пешбинишуда зиёд намешавад

Ба ҳукумати Тоҷикистон имсол ба гумони ғолиб муяссар хоҳад шуд, ки таваррумро дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳ нарху тарифҳо 5,2% боло рафта, афзоиши нархи билети ҳавопаймоӣ ба андозаи 44% аз ҳама назаррастар аст. Сатҳи миёнаи моҳонаи таваррум дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 0,52%-ро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, агар то […]

Asia-Plus

Ба ҳукумати Тоҷикистон имсол ба гумони ғолиб муяссар хоҳад шуд, ки таваррумро дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳ нарху тарифҳо 5,2% боло рафта, афзоиши нархи билети ҳавопаймоӣ ба андозаи 44% аз ҳама назаррастар аст.

Сатҳи миёнаи моҳонаи таваррум дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 0,52%-ро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, агар то охири соли равон ягон чизи ғайритабиие дар ин самт ба вуқӯъ напайвандад, мизони таваррум аз рӯи натиҷаҳои сол на бештар аз 6,3%-ро ташкил хоҳад дод. Ҳукумат бошад, сатҳи таварруми соли 2016-ро ба андозаи 7% пешбинӣ карда буд.

Бо вуҷуди ин, сатҳи таваррум тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ аллакай 0,1% бештар аз мизони таварруми тамоми соли гузашта аст. Ёдрас мекунем, ки соли 2015 мизони таврррум дар ҷумҳурӣ ба 5,1% баробар шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, таваррум имсол аз ҷумла аз ҳисоби болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ (5,2%) ташаккул ёфта, нархҳо бештар ба ярмаи марҷумак (гречневая крупа) – 36%, себ – 35%, сабзӣ – 25% ва шакар – 21% афзудаанд.

Арзиши маҳсулоти ғайриғизойӣ аз оғози сол 5% боло рафт. Ин болоравӣ аз ҳисоби афзоиши нарх ба қолинҳои нимапашмӣ – 35%, куртаҳои мардона – 20%, дастгоҳу таҷхизоти доруворӣ (фармасевтӣ) – 10% ва ғайра ба вуҷуд омадаанд.

Тӯли 10 моҳи соли равон нархҳои хизматгузориҳои пулакӣ ба аҳолӣ 5,3% боло рафтанд. Масалан, аз оғози сол арзиши сафар бо ҳавопаймо 44%, истифодаи гази моеъ – 23% ва нархи билетҳои қатораҳои роҳи оҳан – 1,5% зиёд шудаанд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.