Се соли оянда Тоҷикистон ҳудуди 1 млрд доллар қарз гирифтанист

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз, 16 ноябр лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи «Барномаи қарзҳои давлатии хориҷии ҶТ барои давраи солҳои 2017-2019»-ро якдилона дастгирӣ карданд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён изҳор намуд, ки тибқи ин барнома се соли оянда ҷалби беш аз 967 млн. доллар ба сифати қарзҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз, 16 ноябр лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи «Барномаи қарзҳои давлатии хориҷии ҶТ барои давраи солҳои 2017-2019»-ро якдилона дастгирӣ карданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён изҳор намуд, ки тибқи ин барнома се соли оянда ҷалби беш аз 967 млн. доллар ба сифати қарзҳои имтиёзнок дар назар аст, ки ба рушди самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла нақлиёту коммуникатсия, бахши кишоварзӣ, энергетика ва тандурустӣ равона мегардад.

Бо ин маблағ сармоягузорӣ ба 98 лоиҳа дар назар аст, ки қисмате аз онҳо аллакай дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд.

Қурбониён зикр кард, ки ин воситаҳо аз ниҳодҳо ва фондҳои молии байнулмилалӣ дастрас карда мешаванд. Воситаҳои қарзӣ имтиёзнок буда, муҳлати пардохти онҳо 20-40 сол бо меъёри фоизии 0,15-2%-и солонаро ташкил хоҳад дод.

Миёни қардиҳандагони асосии Тоҷикистон се соли оянда Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд ва Фонди рушди Кувайт номбар шуданд.

Вазири молия ҳамчунин изҳор дошт, ки сол то сол ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) коҳиш меёбад. Масалан, агар соли 2002 ҳаҷми қарзи хориҷӣ нисбати ММД 108%-ро ташкил дода бошад, тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 35,6% нисбати ММД баробар шудааст.

Вакил Сафаралӣ Раҷабов илова кард, ки айни замон Тоҷикистон дар масъалаи пардохти қарзҳои давлатӣ ҳеҷ мушкиле надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.