Се сокини Суғд барои робита бо «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шуданд

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд се тан аз сокинони вилоятро барои робита доштан бо созмони ифротгарои фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда «Ҳизб-ут-таҳрир»  ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард, ки ду нафари онҳо қаблан низ бо ҳамин иттиҳом муҷозот шуда буданд.

Раиси мурофиаи мазкур судя Зоирзода Боирҷон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Абдуҷалил Юсуфови 47-сола барои ташкили фаъолияти иттиҳоди ифротгаро ба 8 сол, Насрулло Қодирови 43-сола ва ҳамсоли ӯ Анвар Аббосов барои хабар надодан дар бораи ҷиноят мутаносибан ба 2 сол ва 1,2 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи судя, Абдуҷалил Юсуфов баъди адои ҷазо барои чунин ҷиноят соли 2009 ба озодӣ баромада, вале баъди раҳоӣ аз зиндон боз ба фаъолияти марбт ба «Ҳизб-ут-таҳрир» машғул шудааст.

«Қодиров низ қаблан муддати 10 сол адои ҷазо намуда, ҳарчанд аз робита доштани Юсуфов бо созмони ифротгаро огаҳӣ дошт, дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надод», – иброз дошт судя.

Қобили зикр аст, ки соли 2001 фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» дар қаламрави Тоҷикистон манъ шуда, соли 2008 ин гурӯҳ ба феҳристи созмонҳои ифротгаро шомил шуд. Фаъолони он мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...