Идомаи содироти барқи Тоҷикистон дар моҳи октябр

Asia-Plus

Моҳи октябри соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон дар ҳаҷми ҳудуди 46 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Ҷт хабар доданд, моҳи гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон – 38,6 млн. кВт/соат ва ба Қирғизистон – 7,1 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии наздики 50 млн. доллари ИМА дар маҷмӯъ 1 млрд. 353 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст, ки аз ин миқдор ҳудуди 1 млрд. 260 млн. кВт/соат ба Афғонистон ва боз наздики 93 млн. кВт/соат ба Қирғизистон интиқол дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози даҳаи дуюми моҳи октябр аҳолии минтақаи деҳоти Тоҷикистон аз қатъи мунтазами интиқоли барқ иттилоъ доданд. Ба баъзе ноҳияҳо 14-16 соат дар як шабонарӯз интиқоли барқ қатъ мегардад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад намуда, ин ҳолатро ба «корҳои таъмиру барқарорсозӣ» нисбат дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, шурӯъ аз 1 ноябр ба ҷуз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), дигар ба тамоми дараҷаҳои истеъмолгарон барои пардохти маблағи истифодаи барқ тарифҳои нав ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла, тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ аз 12,6 дирами ҳозира то ба 14,65 дирам барои 1 киловатт/соат зиёд карда шуд.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор намуданд, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) расман аз 1 ноябр ҷорӣ шуд. Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба ҷуз пойтахт ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар, дигар дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дорад.

«Мутаассифона, дар мавсими тирамоҳу зимистон обуҳаво имкон намедиҳад, ки тамоми ҷумҳурӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин гардад, зеро дар ин давра нерӯи барқ танҳо аз оби маҷрои дарёи Вахш истеҳсол мешавад. Аз ин рӯ, имрӯзҳо лозим меояд, ки захираҳои оби обанбори Норакро истифода кунем. Айни замон ба минтақаҳои кишвар дар ҳаҷми муайяне нерӯи барқ дода шуда, агар ин ҳаҷм мувофиқи таъинот ва сарфакорона истифода шавад, он ба муҳлати зиёд кофӣ аст», – гуфтанд дар ширкат. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.